План конспекты уроков по географии

Омузгор: Ҷахонов Л.У.

Нақшаи дарс. 11-А- 27-05-2019.
§ 34.Мавзӯъ: Географияи деҳот.
Мақсади дарс:пешниҳоди тасаввурот дар бораи навъҳо ва шаклҳои асосииҷобаҷокунӣ дар деҳот. ……………………………………………………………………..
Таҷхизот:Харитаи ҷаҳон, атласи ҷаҳон.дафтари корӣ. Расмҳои №56,57,58 китоби дарсӣ. Вожаҳои калидӣ: Рурагеография,ксар,рекреатсия, резерватсия.
I.Ташкили дарс: Омода намудани хонандагон ба дарс. Қайд дар журнали синфӣ.
II.Пурсиши вазифаи хонагӣ: 1. Агломератсия гуфта чиро меноманд? 2. Мегаполисҳо чӣ тавр ба вуҷуд меоянд ? 3. Сатҳи урбанизатсияро чӣ тавр муайян кардан мумкин аст?
4. Шаҳрҳо ба муҳити атроф чӣ гуна таъсир мерасонад? 5 Шаҳрҳо ба муҳити ҳудудии худ чӣ гуна таъсир мерасонад ва кадом проблемаҳои экологиро бояд ҳал намояд?. III. Фаъолгардонии дониш. IV. Баёни мавзӯъи нав. 1.‹‹Аҳолии деҳот›› ва ‹‹кишоварзон››. Рурагеография.
2.Навъҳо ва шаклҳои ҷобакунӣ дар деҳот . 3.Ҷобаҷокунии деҳот дар мамлакатҳои аграрӣ.
4..Ҷобаҷокунии деҳот дар мамлакатҳои аграрӣ. 5.Аҳолии ғайримуқимӣ.
Ҳоло дар ҷаҳон беш аз 45% аҳолиии ҷаҳон дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Дар мамлакатҳои Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Австралия ҳиссаи аҳолии деҳот 10%-15% ташкил медиҳад ва дар мамлакатҳои аграрӣ бошад ба 85%-95% мерасад.Мафҳумҳои ‹‹аҳолии деҳот›› ва ‹‹ кишоварзон››-ро зикр кардан зарур аст.Дар мамлакатҳои аграрӣ аҳолии деҳот пурра ва ё тақрибан бо кишоварзон як мебошад.Дар давлатҳои индустриалӣ аксарияти аҳолии деҳот ба корҳои кишоварзӣ машғул нестанд.Ба омӯзиши аҳолии деҳот, хусусият ва сохтори ҷойгиркунӣ дар деҳот соҳаи географияи иҷтимоӣ, ки рурагеография ном дорад,машғул мебошад.
Шумораи деҳот дар ҷаҳон тахминан аз 15 то 20 миллионро ташкил медиҳад.Онҳо аз рӯйи тарҳу намуд дорои андоза ва вазифаҳои гуногун мебошанд. Шаклҳои асосии ҷобаҷокунӣ дар дар айни замон инҳоянд:
1)Ҷобаҷокунӣ дар деҳаҳо ё ҷобаҷокунии гуруҳӣ. 2) Ҷобаҷокунӣ дар ҳавлиҳо ё ҷобаҷокунии парешон.
3).Ҷобаҷокунии кӯчманчигӣ ва нимкӯчманчигӣ ё ҷобаҷокунии ғайримуқимӣ.
4) Резерватсия. Ҷобаҷокунии деҳот дар мамлакатҳои аграрӣ-Чорводории кӯчманчигӣ(Осиёи Марказӣ) ва Ҷанубу-Шарқӣ(зироатчигӣ).Дар Африқои Шимолӣ(дар биёбони Саҳрои Кабир бошад,ксар-чорводории кӯчманчигӣ.)дар ноҳияҳои назди баҳрӣ, дар водии Нил ва воҳаҳо зиндагӣ мекунанд. Дар Гвинея Нав аҳолии деҳот дар деҳаҳои дохили деворҳои баланд зиндагонӣ мекунанд. Дар мамлакатҳои пешрафта шаклҳои асосии ҷойгиршавӣ гурӯҳӣ(деҳагӣ) ва парешон(ҳавлигӣ-фермерӣ-хуторӣ.) Шакли аввали дар Полша,Олмон,Руминия. Испания маавҷуд буда ҳам деҳаҳои доиравӣ ва тӯдагии бетартиб ҳастанд.Дар Италия , Олмон, Англия,Норвегия хуторӣ мебошанд.Дар Амрико ва Австралия деҳот шакли фермерӣро дорост. Ҷобаҷокунии кӯчманчигӣ ва нимкӯчманчигӣ ё ҷобаҷокунии ғайримуқимӣ (номадҳо)-номишартии ҳамаи ҳалқҳо ва гурӯҳҳои этникӣ мебошад,ки тамоми сол ва ё мавсимҳои алоҳида тарзи ҳаёти кӯчӣ доранд, бо рӯзғор ва фарҳанги хоси худ фарқ мекунанд, самти анъанавии фаъолияти хоҷагидорӣ(кишоварзӣ)-ро ҳифз мекунанд.Онҳо дар ҳудуди 40% қисмати маскунии хушкӣ зиндагонӣ мекунанд ва ҳиссаи онҳо дар шумораи ҳозираи аҳолии рӯи Замин камтар аз 1,5 % ташкил медиҳад.

V.Мустаҳкамкунӣ: 1.Минтақаҳои табииро бо ташаккули навъҳои иҷтимоияшон мувофиқат кунед:
А) Тундра 1.кишоварзӣ . В) Тайга 2.чорводории кӯчанда. С) Дашт 3.шикор ва моҳигирӣ. Д) Нимбиёбон 4.гавазнпарварӣ.
1 2 3 4
а
в
с
д

VI.Ҷасъбасти дарс. Баҳогузорӣ. VII.Супориши вазифаи хонагӣ §34 саҳ.162-169.

Омузгор: Ҷахонов Л.У.

Нақшаи дарс. 11-А- 20-05-2019.
§ 33.Мавзӯъ: Шаклҳои урбанизатсия. Мақсади дарс:пешниҳоди тасаввурот дар бораи шаклҳои урбанизатсия( агло-мератсия, субурбанизатсия,рурурбанизатсия, мегаполис,технополис.) ва симои шаҳр. Ташаккул намудани малакаи таҳлилии хонандагон ва кор бо сарчашмаҳои иттиолотӣ………………………………………………………………………….
Таҷхизот:Харитаи ҷаҳон, атласи ҷаҳон.дафтари корӣ. Вожаҳои калидӣ: Агломератсия,субурбанизатсия,рурурбанизатсия, мегаполис,тех-нополис. I.Ташкили дарс: Омода хонандагон ба дарс. Қайд дар журнали синфӣ. II.Пурсиши вазифаи хонагӣ: 1. Аввалин шаҳрҳо кай пайдо шудаанд? 2. Сабабҳои инкишофи ва зиёдшавии аҳолии шаҳрҳо дар чист ? 3. Вазифаҳои шаҳр ( пойтахт, марказӣ маъмурӣ ва дигар вазифа) аз чиҳо иборат аст ? 4. Оиди сарҳади шаҳрҳо( ҳуқуқи ва ғайриҳуқуқӣ.) маълумот диҳед. III. Фаъолгардонии дониш. IV. Баёни мавзӯъи нав. 1.Ташаккулёбии агломератсия бо ду роҳ: аз ‹‹ шаҳр ›› ва аз ‹‹ ноҳия››. Табдили маҳалҳои зисти шаҳриро ба система . 2.Якшавии (муттаҳидшавӣ) агломератсияҳо-мегаполисҳо.
3.Шаҳрҳои ҷаҳонӣ. 4.Фарқияти минтақавии урбанизатсия.Урбанизатсияи қалбакӣ.Ивазкунии пойтахт. 5.Таъсири шаҳрҳо ба муҳити атроф.
Ҳоло дар ҷаҳон беш аз 54% аҳолиии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Дар мамлакатҳои Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Австралия ҳиссаи аҳолии шаҳр беш аз 70% ташкил медиҳад. Урбанизатсия(калимаи лотинӣ урб-шаҳр) афзоиши шаҳру аҳолии он, пурзӯршавии мавқеи он, васеъ паҳншавии тарзи ҳаётми шаҳрӣ буда ,ҳамчун ҷараёни умуми ҷаҳонӣ се аломати умумӣ дорад ва онҳо ба аксари мамлакатҳо хос мебошанд.( зиёдшавии аҳолӣ дар шаҳрҳо , пайдоиши шаҳрҳои калон- агломератсияҳо, мегаполисҳо). Шакли калидии урбанизатсияи муосир агломератсия мебошад. Гурӯҳи шаҳрҳо ва шаҳракҳои ба ҳам наздикро, ки алоқаҳои зич: корӣ,фарҳангӣ-маишӣ, истеҳсолӣ ва ғайраро муттаҳид мекунад, агломератсия меноманд. Агломератсия бо 2 роҳ ишкишоф меёбад : : аз ‹‹ шаҳр ›› ва аз ‹‹ ноҳия››. Вақте , ки шаҳр ба остона мерасад . баъд талабот ба захираҳои нави рушд-ҳудуд, манбаҳо обтаъминкунӣ ва инфрасохтор вобаста мебошад.Шаҳрҳои ҳамсафар пайдо мешаванд.Инкишофи босуръати канорҳои шаҳрҳои калон субурбанизатсия номида мешавад.Ҳамзамон густариши меъёрҳои зиндагии шаҳрӣ дар маҳалҳои зисти деҳот, яъне рурурбанизатсия шурӯъ мешавад.Тарзи дуюм хоси минтақаҳои захиравӣ аст.(коркарди конҳои калони канданиҳои фоиданок-‹‹урбанизатсия кӯҳкорӣ››.) Шаҳрофарини рекреатсионӣ ва ташкили шаҳрҳои илм низ аз ҳамин ҷумла мебошанд, ки ба шакли ҳозираи ҳамгироии маориф, илм ва истеҳсолот дар навъи технополисҳо вобастагӣ дорад.Бо гузашти вақт ба ҳастаи ( ядрои) ташкилӣ-хоҷагидорӣ ва фарҳангӣ табдил меёбад. Бисёре аз шаҳрҳо ба сифати шаҳри ҷаҳонӣ шинохта мешаванд. Шаҳри ҷаҳонӣ шаҳрест дорои аҳолии бисёрмиллионафара,ба амалиёти молиявӣ-идоракунӣ,хидматрасонии тиҷоратӣ ва таҳияи ахбор махсус гардонида шудааст. Шаҳрои ҷаҳонӣ:Ню-Йорк, Лондон,Париж,Токио,Сингапур,Сянган,Чикаго,Лос-Анҷелос,Милан ва Франкфурт-дар –Майн-. Мегаполисҳо-Бос-Ваш( Балтимор,Бостон, Вашингтон, Филадеёфия,Ню-Йорк.) , Чипитс ( Детройт, Кливленд, Питсбург,Чикаго). Сан-Сан, Токайдо, Английский.Аввалин мегаполис дар Юнони қадим мавҷуд буд,иттифоқи шаҳрҳои аркад ( зиёда аз 35маҳал, ки соли 370 пеш аз мелод вуҷуд дошт.). Вазъияти экологӣ дар шаҳрҳо,( таъсир ба иқлим,таъминот бо об,коркарди партовҳои саноатӣ ва маишӣ ва ғайра.)
V.Мустаҳкамкунӣ: 1.Барои чӣ баъзе давлатҳо пойтахти худро иваз намуданд?
2.Урбанизатсияи қалбакӣ чӣ тавр ба вуҷуд меоянд ва дар қитъаҳо ҷойгир шудаанд?
VI.Ҷасъбасти дарс. Баҳогузорӣ. VII.Супориши вазифаи хонагӣ . §33 саҳ.156-162.

Омузгор: Ҷахонов Л.У.

6 — ‹А› 13 мая 2019 года .
Тема: ‹‹Основные типы населенных пунктов››
Цельурока: познакомить учащихся с особенностями расселения населения Земли, основными типами населенных пунктов и видами деятельности людей в них.
Оборудование: Топографическая и политическая карта, картинки с признаками городского и сельского населения. Термины и понятия: город, село, городское и сельское население ,хозяйственная деятельность. .
Ход урока. I.Организационный момент. II. Опрос домашнего задания. — Дайте определение населению Земли? — Как росло численность населения Земли в течении многих тысячелетий ?
-Назовите и покажите по политической карте самые многонаселённые страны мира? Сколько составляет население Таджикистана в настоящее время?
III . Актуализация знаний IV .Изучение нового материала. А) Посмотрите на две картины: город и село и дайте название этим картинам. Как будет называться наша тема? (Типы населённых пунктов). Чем они отличаются?.Запишите тему урока : .
§ 53.Типы населенных пунктов. 1.Где проживали люди в древности ? Люди были зависимы от природы. Поэтому жили в предгорье и пищерах , чтоб место было безопасным. Первые жилища люди строили близи рек, где было строительного материал. Земли для занятием земледелием. 2.Село. Жители сел от несколько десятков до несколько тысяч. Занимаются обработкой земли. Выращивают домашний скот . Дома невысокие и нет общественного транспорта ( неразвит). Многие жители знают друг друга .Имеют огороды. 3.Город.В городе живут десятки сотни тысяч людей и более миллиона людей. Люди работают на заводах и в фабриках. Здесь много школ , музеев, театров, парков и других учреждений. В Таджикистане более ¼ населения проживают в городах. Тут уже большинство людей незнакомы с друг с другом. В городе много автомобилей, в том числе общественного транспорта ( автобус, троллейбус, такси и т.д.) 4.Классификация городов: Перечислите древние города : Рим, Афины. Самарканд, Пенджикент, Худжанд и другие.
Перечислите города Таджикистана, столица Душанбе, Куляб, Истаравшан.
5. Работа с картой. Карта Таджикистана и политическая карта мира . Обозначение городов на карте.
V.Закрепление: А). Назовите типы населенных пунктов? Б).В каком районе города Душанбе проживают ваши дедушка и бабушка? В).В каких городах вы были с родителями?.
VI.Итоги урока. Выставление оценок.
VII.Домашнее задание: § 53, Основные типы населенных пунктов ; стр 159-160.