План конспекты уроков по пению

Омузгор: Бахронов А.
Сана 8.05.2019
Нақшаияк соат дарси мусиқӣ дар синфи “3”

Мавзӯи дарс: Оҳанг дар мусиқӣ.

Мақсади дарс: Шиносоӣ ва дарк кардани оҳанги мусиқӣ.
Ҳадафҳо: Фаҳмондани шунавоиши оҳангӣ чист ва чӣ гуна зоҳир мегардад.
Мазмуни дарс: Ҳар як хонанда сурудеро месарояд ё имконият дошта бошад оҳангеро менавозад. Оҳангҳо гуногунанд. Муаллим хоҳиш мекунад, ки суруди рафиқашро такрор кунад. Ӯ чиро такрор мекунад? Зарбро? Не, албатта оҳангро.
Мусиқӣ чист? Қабл аз ҳама оҳанг аст. Оҳанг дар мусиқӣ чиро мефаҳмонад? Мо бояд ба характери мусиқӣ аҳамият диҳем. Бачаҳо, ба андешаи шумомусиқӣ аз чӣ сар мезанад? (Оҳанг) Мусиқӣ аз имкониятҳои худ истифода бурда ба мо ҷаҳонеро мекушояд, дар бораи қаҳрамонҳо сухан мегӯяд, моро ба замонҳои дур мебарад, табиатро тасвир мекунад. Ин амалҳоро ӯ дар симои оҳанг пешниҳод мекунад. Композитори машҳури рус Пётр Чайковский гуфтааст: “Оҳанг – қалби мусиқӣ аст”.
Оҳангҳо чӣ гуна мешаванд? (Хушнуд, ғамгин, ором, зудсуръат, сустсуръат, боғайрат ва ҳоказо) Ба мисли нутқи инсон оҳанг ҳам аз ибораҳои бо ҳам пайваста сохта мешавад, ки ин мазмуни мусиқиро ифода мекунад. На ҳар паиҳамомадаи мусиқӣ оҳанг шуморидан мумкин аст, чунки мусиқӣ тавассути оҳанг меҳру муҳаббати инсонро (композиторро) ба зиндагӣ, Ватан ва шахсони дигар ифода карда метавонад, яъне оҳанг мазмун дорад. Барои ин компазитор барои ифода ҳар гуна василаро истифода мебарад: регистри паст, суръати тез, оҳанги боҳашамати пурҳаракат.

Вазифаи хонагӣ:Ҳолатеро ба воситаи мусиқӣ “нақл” кунед. Фаҳмонед, ки барои ин чиро истифода бурдед?

Омӯзгори фанни “Суруд ва мусиқӣ”-и гимназияи хусусии “Тоҷикистон” — Баҳронов Абдушафӣ Ғоибназарович