План конспекты уроков по технологии

Омузгор: Алимова Д.М
Фанни технология (барои духтарон) синфи 6-ум

Мавзуъ: Духтани чойникпушак ва чойникмонак
Барнома: Асосноккунии номгуйи маснуоти сохташуда. Тартиб додани ангора, расми техникй ё накшаи он. Тартиб додани харитаи технологии маснуоти сохташуда. Лоихаи таблиготй. Дисобкунии иктисодй
Салохиятхои:

> Баъзе воситаи технологиро истифода бурда метавонад.
> Дар доираи мавзуъхои махдуд гояи навро эчод карда метавонад.
> Доир ба баъзе касбхо маълумот дода метавонад.
> Хусусиятхои тарбиявии фанро дарк карда, онро дар амал ба таври сода татбик карда метавонад.
Максадхои дарс:

— духтани чойникпушак ва чойникмонакро шарх дода тавонанд;
— коидахои духтани чойникпушак ва чойникмонакро шарх дода, онро дар амал ичро карда тавонанд;
— барои буридани чойникпушак ва чойникмонак матоъро тайёр карда тавонанд;
— хангоми ичрои кори амалй техникаи бехатариро риоя карда тавонанд;
— боэхтиёт кор кардан ва муносибати хуб бо асбобу абзорхоро риоя карда тавонанд;
— хангоми истифодаи мавод сарфакориро риоя карда, хисоби иктисодии маснуотро муайян карда тавонанд;
— баъзе кисматхои маснуотро эчодкорона иваз карда, таъйиноти онхоро дигар карда тавонанд.
— урфу одатхои миллиро шарх дода, онро арзёбй карда тавонанд.
Тачхизоти зарурй: китоби дарсй, овезахои таълимй.

1. Методикаи таълим. Дангоми банакшагирии дарс аз тавсияхои зерин истифода бурда метавонед.
1.Ташкили дарс. Дар ин мархала корхои зерин ба рох монда мешавад:
тайёр намудани маводди хониш;
хозир-гоиб кардани хонандагон;
омода намудани ахли синф ба дарс.
2). Такрори дарси гузашта. Дарсро аз гузоштани масъала огоз кунед. Бо супоришу саволхои зерин ба хонандагон мурочиат кунед:

1. Раванди тайёр кардани матоъ барои буриши маснуоти пойчомаро баён кунед.
2. Кисми поёнии пойчомаро шумо бо кадом намуд оро додаед?
3. Оид ба коркарди кисми поёни пойчомаи манжетдор шарх дихед.
4. Оид ба пайдарпай пайвастани хиштак ба пойчома шарх дихед.

3. Шиносой бо мазмуни мавзуъ. Сухбат дар бораи духтани чойникмонак ва чойникпушак. Омузгор ба хонандагон дар бораи максади истифода бурдани чойникпушак ва чойникмонак накши омузиши мероси бойи санъати ороиши амалй, чихози ошхона, интихоби матоъ барои духтани чойникпушак ва чойникмонак, чойникпушак бо намуди хурусак, тартиби духтани чойникпушак ва чойникмонак, тачхизоти зарурй барои духтани чойникпушак ва чойникмонак шарх медихад.
Лоиха кори эчодии мустакилонаи хонандагон мебошад.

Чойникпушак яке аз намудхои маснуоти ошхонагй мебошад. Ки дар сохтани он ороиши миллиро истифода мебаранд.
Омузиши мероси бойи санъати ороиши амалй ва хунархои мардумй, инкишофи он умдатарин ва мухимтарин раванди таълим мебошад ва дар баланд бардоштани дарачаи маърифатнокии чамъият роли калон мебозад.
Санъати ороиши амалй монанди дигар фаъолияти эчодии чавонон дар баробари эхё намудани хунархои мардумй имконият медихад, ки насли имруза бо донишхои техникй фарогир шуда, малака ва тачрибаи худро такмилу таквият дихад. Дамзамон казияи мазкур барои интихоби дурусти касбу хунар ва тайёр шудан ба мехнат мусоидат менамояд. Чихози ошхона пешдоман (пешгир), дастпушак, чойникпушак, чойникмонак ва гайра мебошанд.

Онхоро бо тугмахои филизй (металлй), чармй, бахмалин, марчонхо, ресмонхои пахтагин, абрешимй, пашмй, зар, тур оро медиханд.
Чойникпушакро аз матоъхои пахтагин, загирй, абрешимй, пашмй ва гайра омода мекунанд. Онхо аз лахтакхо (матоъпорахо) хам духта мешаванд. Дар вакти истифода ба он пахта меандозанд. Агар матоъ гафс бошад, онро дастй лаганда мекунанд ё бо мошини дарздузй духта, баъд ороиш медиханд, ба он паралон ё дигар матои сунъй ё синтезй мегузоранд. Баъд астар гузошта, аввал лагандаи одй ё ороиширо истифода бурда, дастй ё дар мошини дарздузй медузанд.
Барои духтани чойникпушак кутри чойникро бо даста ва чумакаш (аз ду тараф 2 см гузошта) ва хамчунин баландиашро хам чен карда (2 см гузошта), колаб созед ва онро ба матоъ гузошта буред, ва ба он хохед пахта, ватин, паралон ё матои астарй гузошта, аввал як кисмашро, баъд кисми дигарашро лаганда кунед ё бо аппликатсия мувофики табъи худ ороиш дихед.
Чойникпушак бо намуди хурусак

Барои духтани чойникпушаки хурусакшакл аз руйи андозаи гирифташуда (андозааш дар боло дода шудааст) аз когаз колаб созед ва онро руйи матоъ гузошта буред. Чойникпушакро бо намуди дарзи бахиядузй медузанд. Чихози ошхона — пешгир (пешдоман), сарбандак, дастархон, сачокчахо, сурфагузорак ва гайра низ бо хамин усул духта мешаванд.
Чойникпушакро аз лахтакхо хам духтан мумкин аст. Лахтакхоро барои абра тайёр мекунанд. Баъди тайёр кардани абра ба он астар медузанд.
коидаи колабгириро дар назар дошта, колаби тайёрро ба абра ( кисми 1-уми он) гузошта, кисмхоро ду нусха мебуранд ва мувофики коида медузанд.
Дар вакти дузиш аз чоки дарундухт истифода бурда, якбора ба гирди чойникпушак тур, тасма ё лентаро чин-чин карда духтан ва оро додан мумкин аст.
Духтани чойникмонак

Барои сохтани чойникмонак матоъхои хархела истифода бурда мешаванд. Агар матои пашмй бошад, бехтар аст. Андозаи чойникмонак ба табъи шахс вобаста аст. кутри чойникмонак назар ба таги чойник 5 ё 10 см калонтар бошад, бехтар аст. Онро ба чойникпушак баробар духтан хам мумкин аст.
Чойникмонакро ба шакли секунча, чоркунча, доирашакл ва гайра духтан мумкин аст.
Коидахои тартиби дохилй ва ташкили чойи корй.
1. Пеш аз огози кор бояд холати асбобу олоти дузандагй, мошини дарздузй ва холати омодагии чойи корй санчида шавад.

2. Дар хучраи таълимй танхо бо либоси махсус (сарбанд, пешдоман ва остинча барои даст) фаъолият намуд.
3. Катъиян ба коидахои бехатарии мехнат барои хар як тарзи кор бояд дар вакти духтани маснуот риоя намоед.
Лоихаи эчодй:
Барои духтани маснуот пеш аз хама пайдархамии амалиёти кориро ба накша гирифтан лозим аст. Сипас, хазинаи гояхои маснуот пешниход карда мешавад.
1. Пеш аз огози кор холати асбобу олоти дузандагй ва мошини дарздузии дастии бо пой харакаткунанда ва холати омодагии чойи корй санчида шавад;
2. Дар хучраи дузандагии таълимй бояд танхо бо либоси махсус (сарбанд, пешдоман ва остинча барои даст) фаъолият бурда шавад;
3. Катъиян ба коидахои бехатарии мехнат барои хар як тарзи кор дар вакти духтани маснуот риоя намоед;
4. Дар холати иллат ва ё гирифтани захм дар вакти духтан ё дарзмол кардан ба омузгор хатман мурочиат намудан зарур аст.
ХАЗИНАИ ГОЯХО

Шаклхои гуногунро тархрезй намуда, барои духтани маснуот матоъ, ватин, пахта, ришта ва гайра истифода бурдан мумкин аст.

Намунаи чойникпушакро
Баъд аз интихоби намунаи шакли маснуоти духташаванда накша ва тартиби духтани маснуот мухокима карда мешавад.

4. Кори амалй: Тартиби духтани чойникмонак ва чойникпушак Омузгор бо риоя гардидани к оидах, ои техникаи бехатар й ва санитарию гигиен й аз чониби хонандагон назорат мекунад.
Тачхизот: Барои духтани чойнакпушаки «Хурусак» чунин к;исмх,о бояд омода шавад: тана-2 чузъ, астар -2 чузъ, дум -2 чузъ, канотак — 4 чузъ, точ -2 чузъ, марчон -2
чузъ, нул -1 чузъ, гиребони ороиши -1 чузъ, кайчй, сарсузан, матоъ, бур, ченактасма, сузан, ришта, мошини дарздузй хам лозим аст.
Кадамхо:
1. Аз тарафи омузгор супориш дода мешавад, ки барои духтани чойникмонак ва чойникпушак маводди зарурй омода карда шавад;
2. Супориш дода мешавад, ки колаби чойникмонак ва чойникпушакро тайёр кунанд;
3. Хати гирди колабро бо калам, бур ё собун гузаронида, кисмхои тайёршударо бояд бурид;
4. Кисмхои чойникмонак ва чойникпушак бо усули “сузан ба пеш” духта мешавад;
5. Кисмхои чойникмонак ва чойникпушак матоъхои абраю астарро аввал дастй баъд бо мошини дарздузй духта мешавад;
6. Аз тарафи омузгор супориш дода мешавад, ки дурустии пайвасти кисмхо аз назар гузаронида шавад;
7. Гирди чойникмонак ва чойникпушакро бо чоки гирддавонй духта тайёр шавад;
8. Баъд ба дохили он мувофики талабот пахта ё паралон гузошта шавад;
9. Баъди духтани чойникпушак ва чойникмонак мувофики табъи хонанда оро дода мешавад. Мисол: чин-чин, турхои ороишй, ва гайра.
10. Бо хамин пайдарпайй дастпушак барои даст гирифтани зарфхои тафсон духта мешавад;
11. Баъди духта шудан сифати духт, ороиш ва кори худро аз назар гузаронида лозим аст;
12. Баъди пурра тайёр шудани чойникпушак ва чойникмонак асосноккунии маснуот ва хисоби иктисодй бояд муайян карда шавад;
13. Вобаста ба сифати кори амалии ичрошуда ба хонандагон аз тарафи омузгор бахогузорй карда мешавад.

Эзох: Шумо метавонед ороиши кисми тоц, дум, цанотак, гиребон ва нулро бо матои абрешимй, пахтагин ё тисмаи матои абрешимй ороиш дихед. Он ранги интихобшуда, аз ранги маснуот бояд фарк кунад.

Омузгор: Алимова Д.М
Мавзуъ: Бофандагй бо сиххо

Барнома:Ташкили чойи корй. Тартиб додани накшаи корй. Риояи коидахои санитарию гигиенй ва бехатарии мехнат. Маълумоти мухтасар дар бораи асбоб ва масолехи кешбофй. Шаклхои кешбофй. Хелхои кешбофй. Аломатхои ишоратии халкахо ва намунахои бофт. Бофтани маснуот бо сиххо
Салохиятхои:
> Баъзе воситаи технологиро истифода бурда метавонад.
> Дар доираи мавзуъхои махдуд гояи навро эчод карда метавонад.
> Доир ба баъзе касбхо маълумот дода метавонад.
> Хусусиятхои тарбиявии фанро дарк карда, онро дар амал ба таври сода татбик карда метавонад.
Максадхои дарс:

— бофандагй бо сиххоро шарх дода тавонанд;
— тарзи дурусти бофтан бо сиххоро шарх дода, онро дар амал ичро карда тавонанд;
— барои бофтани маснуот риштахои заруриро интихоб карда тавонанд;
— хангоми ичрои кори амалй техникаи бехатариро риоя карда тавонанд;
— беэхтиёткорона кор кардан ва муносибати хуб бо асбобу абзорхоро риоя карда тавонанд.
Тачхизоти зарурй: китоби дарсй, овезахои таълимй.

1.Методикаи таълим. Дангоми банакшагирии дарс аз тавсияхои зерин истифода бурда метавонед.
1.Ташкили дарс: Дар ин мархала корхои зерин ба рох монда мешавад: тайёр намудани маводди хониш; хозир-гоиб кардани хонандагон; омода намудани ахли синф ба дарс.
2.Такрори дарси гузашта: Дарсро аз гузоштани масъала огоз кунед. Бо саволхои зерин ба хонандагон мурочиат кунед:
1. Кадом намудхои чойникпушакро медонед?
2. Бо кадом максад чойникпушак ва чойникмонак истифода мебаранд?
3. Оид ба раванди духтани чойникмонак шарх дихед.
4. Барои духтани чойникмонак ва чойникпушак кадом матоъхо мувофик мебошад?
3.Шиносой бо мазмуни мавзуъ. Сухбат дар бораи бофандагй бо сиххо. Омузгор ба
хонандагон дар бораи интихоби ришта барои бофандагй, тагйир додани зичии бофт, намудхои сиххо, навъхои матои бофташуда, раванди бофтан, ду тарзи бофтани халкахои роста ва чаппа, намуди хомхалкахо, бофти чуробй, резинкаи англисй, тарзхои бофтан, рапорт, бофти намуна шарх медихад.
Бофишро чунин сар мекунем:

Ресмонхоро ба дасти чап мегирем. Ду сихро якчоя аз зери ресмони корй, ки аз калоба меояд, дароварда, ресмони дар ангушти ишорат бударо кашида аз халкаи ангушти калон мегузаронем, ангушти калонро аз халка озод карда, ресмонро мекашем. Барои хосилшавии халкахои минбаъда хамин тарзро такрор кардан даркор аст. Далкачахои пайихам пайдошударо катори аввал меноманд. Халкахои якум ва охиринро халкахои канорй (хошиягй) мегуянд. Халкахои охирини катор бо халкаи роста ё чаппа баста мешавад.
Халкахои роста ва чаппаро ба ду тарз бофтан мумкин аст:
Тарзи якум. Халкаи ростаро аз пеш мебофанд. Барои бофтани халкаи роста сихи дасти ростро ба халкаи якум сихи чап бурда, ресмони кориро аз он мебароранд (расми 66 д). Ба он халкаи чаппа мувофик аст, ки дар расми 66 нишон дода шудааст. Ба ин тарз чуроб ва резинка мебофанд.
Хомхалкахо рост ва печон мешаванд.
Хомхалка рост: сихи ростро аз тарафи рост ба чап аз зери ресмони корй мегузаронанд.
Хомхалкаи печон: сихи ростро аз тарафи чап ба рост аз тарафи худ аз зери ресмони корй гузаронидан мумкин аст.
Бофиши чуробй Барои чулохии хамвор бояд як катор (аз тарафи рост) халкахои роста ва катори дуюм (аз тарафи чаппа) халкахои чап буда халкахои чаппа ном доранд.

Намунахои маснуотхои бофташуда

Намунахои ришта барои бофтан

4.Мустахкамкунии мавзуи нав:
1. Доир ба бофтан бо сиххо маълумот дихед.
2. Далкахои роста ва чаппаро ба чанд тарз бофтан мумкин аст?
3. Хомхалкахо чанд намуд мешаванд?
5.Истифоди усули “Кластери сода”
Кластер (claster — хуша, даста) усули гирдоварии андешахои хонандагон доир ба ягон мавзуъ, мафхум буда, дар шаклхои гуногун тасвир меёбад. Ин усул аз тарафи мутахассиси проблемахои эчодй Тони Бюзан кор карда шудааст. Ин усул имкон медихад, ки хонандагон барои фикр намудани мавзуи дарпешистода сафарбар шаванд.
Максадхои истифодаи усули Кластер: гирдоварии андешахои хонандагон; бунёди вазъияти чустучу; инкишофи малакахои баёни мухтасари фикр; омузиши роххои гуногуни гирдоварии андешахо; пешниход кардани маълумотхои иловагй; муайян кардани дониши хонандагон доир ба мавзуъ.

Кори амалй: Бофтани намунахо
Омузгор ба риоя гардидани к оидах ои техникаи бехатар й ва санитарию гигиен й аз чониби хонанда назорат мекунанд.
Кадамхо:
1. Аз тарафи омузгор супориш дода мешавад, ки ресмонхоро ба дасти чап мутобики расми 54 (а), ки дар сахифаи 115 оварда шудааст, гирифтан лозим меояд.
2. Ду сихро якчоя аз зери ресмони корй, ки аз калоба меояд, мувофики расми 54 (б) дароварда, ресмони дар ангушти ишорат бударо кашида аз халкаи ангушти калон гузаронида шавад;
3. Ангушти калонро аз халка озод карда, ресмон кашида шавад;
4. Барои хосилшавии халкахои минбаъда хамин тарзро мувофики расми 54 (в) такрор карда мешавад;
5. Дар натича халкачахои пайихам пайдо мешавад, ки катори аввал меноманд. Халкахои якум ва охиринро халкахои канорй (хошиягй) мегуянд. Халкахои охирини катор бо халкаи роста ё чаппа баста мешавад.
6. Мувофики пайдархамии кор дигар каторхо низ бо чунин тарз бофта мешавад;

7. Омузгор супориш дихад, ки хар як хонанда бояд на камтар аз 8 то 10 каторй намунаро бофта тавонад;
8. Мувофики сифати бофти хонанда аз тарафи омузгор бахогузорй карда ме-шавад.
9. Мувофики хохиши хонанда ва намунахои дар китоби овардашуда, хонанда метавонад маснуотро бо тарзхои гуногун бофад.

7.Дарсро чамъбаст намуда, захмати хонандагонро кадр кунед.
8.Арзёбй. Дар чараёни дарс фаъолияти таълимии хонандагонро мушохида намуда, дарачаи ба салохиятхо ноил гаштани онхоро муайян кунед. Натичахои фаъолияти таълимии хонандагонро аз руйи савол ва супоришхои зерин арзёбй карда метавонед (мувофици натицаи арзёбии мазкур ба хонандагон бауои аъло, хуб, цаноатбахш ва гайрицаноатбахш гузошта мешавад).
Фаъолият метавонад кисман
метавонад наметавонад
Дар бораи бофандагй бо сиххо шарх дода метавонад?
Тарзи дурусти бофтан бо сиххоро шарх дода, онро дар амал ичро карда метавонад?
Барои бофтани маснуот риштахои заруриро интихоб карда метавонад?
Хангоми ичрои кори амалй техникаи бехатариро риоя карда метавонад?
Эхтиёткорона кор кардан ва муносибати хуб бо асбобу абзорхоро риоя карда метавонад?

Омузгор: Алимова Д.М
Мавзуъ: Бофтан бо чангак

Барнома: Ташкили чойи корй. Тартиб додани накшаи корй. Риояи коидахои санитарию гигиенй ва бехатарии мехнат. Маълумоти мухтасар дар бораи асбоб ва масолехи кешбофй. Шаклхои бофтан бо чангак. Хелхои бофтан бо чангак. Аломатхои ишоратии халкахо ва намунахои бофт. Бофтани маснуот бо чангак.
Салохиятхои:

> Баъзе воситаи технологиро истифода бурда метавонад.
> Дар доираи мавзуъхои махдуд гояи навро эчод карда метавонад.
> Доир ба баъзе касбхо маълумот дода метавонад.
> Хусусиятхои тарбиявии фанро дарк карда, онро дар амал ба таври сода татбик карда метавонад.
Максадхои дарс:

— бофандагй бо чангакро шарх дода тавонанд;
— тарзи дурусти бофтан бо чангакро шарх дода, онро дар амал ичро карда тавонанд;
— барои бофтани маснуот риштахои заруриро интихоб карда тавонанд;
— хангоми ичрои кори амалй техникаи бехатариро риоя карда тавонанд;
— эхтиёткорона кор кардан ва муносибати хуб бо асбобу абзорхоро риоя карда тавонанд.
Тачхизоти зарурй: китоби дарсй, овезахои таълимй.
1.Методикаи таълим. Хангоми банакшагирии дарс аз тавсияхои зерин истифода бурда метавонед.
1.Ташкили дарс. Дар ин мархала корхои зерин ба рох монда мешавад:
тайёр намудани маводди хониш;
хозир-гоиб кардани хонандагон;
омода намудани ахли синф ба дарс.
2.Такрори дарси гузашта. Дарсро аз гузоштани масъала огоз кунед. Бо саволхои зерин ба хонандагон мурочиат кунед:
1. Бофтан бо сиххо чанд хел мешаванд?
2. Барои маснуотхои бофандагй кадом риштахоро истифода мебаранд?
3. Дангоми бофтани маснуот аз чанд сих истифода бурда мешавад?
4. Халкахои роста ва чап ба чанд тарз бофта мешавад?

3.Шиносой бо мазмуни мавзуъ. Сухбат дар бораи бофандагй бо чангак. Омузгор ба хонандагон дар бораи интихоби ришта барои бофандагй, тагйир додани зичии бофт, намудхои чангак, навъхои матои бофташуда, раванди бофтан бо чангак, намуди

хомхалкахо, бофти чуробй, резинкаи англисй, тарзхои бофтан, рапорт, бофти намуна, бофтан бо чангак, навъхои чангак, тарзи бофт бо чангак, коидахои техникаи бехатарй шарх медихад.
Бо кашаки дароз маснуоти гуногунро бофтан мумкин аст. Ин хел бофт, хусусан барои бофтани либоси бачагона тавсия мешавад, чунки маснуоти бо кашаки дароз бофташуда тез-тез шуста шавад хам, шакли худро тагйир намедихад. Хангоми тартиб додани андозахо озодона ёзидани ашёро низ ба хисоб гирифтан зарур аст. Кутри чангаки кашаки тунисй гуногун буда, тири кашак аз качак то охир бояд як хел ва на камтар аз 35-40 см дарозй дошта бошад; дар охираш бояд токича ё халка дошта бошад, ки халкахои бофташуда баромада нараванд.
Маснуоти хам рост ба пеш ва хам ба самти кафо аз тарафи дастааш мебофанд. Хамин тарик, бо кашаки дароз як катор бофтан 2 давраро дар бар мегирад.
Давраи якум-аз хар як халкаи хавоии асос аз рост ба чап хамаи халкахоро ба бари матоъ баробар карда мечинанд.
Давраи дуюм-хар як халкаи дар тири кашак бударо аз чап ба рост мебофанд.
Катори дуюм ва хамаи каторхои минбаъда хамин тавр бофта мешаванд, вале бо кашак аз таги риштаи болоии амудй гузаронида халкаи нав мегиранд ва дар тири кашак нигох медоранд. Дар бофтан бо кашаки тунисй бологирии катори минбаъда мебошад.

Намунаи маснуотхои бофташуда
4.Мустахкамкунии мавзуи нав:
1. Бофтан бо чангак барои бофтани чй тавсия дода мешавад?
2. Тири кашак аз качак бояд аз чанд см дарозй дошта бошад?
3. Навъхои чангакро муайян кунед.
5.Истифодаи усули “МДД”
Методи МДД (ихтисораи «Медонам», «Донистан мехохам», «Донистам») усули чустучуй — тадкикот буда, барои фаъолона хал карани масъалаи нав ёрй мерасонад. Ин метод барои фахмиши амики мазмун ва мундаричаи матн бо истифода аз ММД гузаронида мешавад.

Кутри чангаки кашаки тунусй гуногун буда, тири кашак аз качак то охир бояд якхел на камтар аз 30-45 см дарозй дорад.
Якумин шуда, накшаи бофтанро кй ба нашр расонид?
Соли 1589 Вилям Ли дастгохи бофандагиро ихтироъ кард ва дар он маснуотро бофт.

6.Кори амалй: Бофтан бо чангак
Омузгор ба риоя гардидани к оидах ои техникаи бехатар й ва санитарию гигиенй оид ба мавзуъ назорат карда, аз чониби хонандагон назорат мекунанд.
Кадамхо:
1. Аз тарафи омузгор оид ба бофтан бо чангак каме маълумот дода мешавад, ки кутри чангаки кашаки тунисй гуногун буда, тири кашак аз качак то охир бояд як хел на камтар аз 35-40 см дарозй дошта бошад: дар охираш токича ё халка дошта бошад, ки халкахои бофташуда баромада натавонанд.
2. Супориш дода мешавад, ки маснуотро хам рост ва пеш ва хам ба самти кафо аз тарафи дастааш мебофанд;
3. Хамин тарик бо кашаки дароз як катор бофтан ду давраро дар бар мегирад;
4. Аз хар як халкаи хавоии асос аз тарафи роста (аз рост ба чап хамаи халкахоро ба бари матоъ баробар карда мечинанд. Хамаи халкахои гирифташуда дар тири кашак меноманд, ки давраи якум мешавад;
5. Хар як халка дар тири кашак бударо аз чап ба роста мебофанд, ки давраи дуюм мешавад;
6. Катори дуюм ва хамаи каторхои минбаъда хамин тавр бофта мешавад;
7. Кашак аз таги риштаи болоии амудй (як нимаи халкаи ростистодаи катори пе- шина) гузаронидани халкаи нав мегирад ва дар тири кашак нигох медорад;
8. Мувофики сифати бофти хонанда аз тарафи омузгор бахогузорй карда ме-шавад.
9. Мувофики хохиши хонанда ва намунахои дар китоби овардашуда, хонанда метавонад маснуотро бо тарзхои гуногун бофад. 

Намунаи бофиш бо чангак

7.Дарсро чамъбаст намуда, зах,мати хонандагонро кадр кунед.
8.Арзёбй. Дар чараёни дарс фаъолияти таълимии хонандагонро мушохида намуда, дарачаи ба салохиятхо ноил гаштани онхоро муайян кунед. Натичахои фаъолияти таълимии хонандагонро аз руйи савол ва супоришхои зерин арзёбй карда метавонед (мувофици натицаи арзёбии мазкур ба хонандагон бауои аъло, хуб, цаноатбахш ва гайрицаноатбахш гузошта мешавад).
Фаъолият метавонад кисман
метавонад наметавонад
Дар бораи бофандагй бо чангак шарх дода метавонад?
Тарзи дурусти бофтан бо чангакро шарх дода, онро дар амал ичро карда метавонад?
Барои бофтани маснуот риштахои заруриро интихоб карда метавонад?
Хангоми ичрои кори амалй техникаи бехатариро риоя карда метавонад?
Эхтиёткорона кор кардан ва муноси¬бати хуб бо асбобу абзорхоро риоя карда метавонад?

Омузгор: Алимова Д.М

Мавзуъ: Духтани пойафзоли хонагй

Барнома: Коидахои техникаи бехатарй ва талаботи санитарию гигиенй. Ташкили чойи корй. Нигохубини пойафзоли латагин ва замшй. Таъмири содатарини пойафзол. Духтани пойафзол. Тахлили нуксонхои пайдошуда ва тарзи бартараф кардани онхо
Салохиятхои:

> Баъзе воситаи технологиро истифода бурда метавонад.
> Дар доираи мавзуъхои махдуд гояи навро эчод карда метавонад.
> Доир ба баъзе касбхо маълумот дода метавонад.
> Хусусиятхои тарбиявии фанро дарк карда, онро дар амал ба таври сода татбик карда метавонад.
Максадхои дарс:
— духтани пойафзоли хонагиро шарх дода тавонанд;
— тарзи дурусти тайёр кардани колиб ва духтани пойафзоли хонагиро шарх дода, онро дар амал ичро карда тавонанд;

— барои духтани пойафзоли хонагй матоъхои лозимиро интихоб карда тавонанд;
— хангоми ичрои кори амалй техникаи бехатариро риоя карда тавонанд;
— боэхтиёт кор кардан ва муносибати хуб бо асбобу абзорхоро риоя карда тавонанд.
Тачхизоти зарурй: китоби дарсй, овезахои таълимй.
1.Методикаи таълим. Хангоми банакшагирии дарс аз тавсияхои зерин истифода бурда метавонед.
1.Ташкили дарс: Дар ин мархала корхои зерин ба рох монда мешавад:
тайёр намудани маводди хониш;
хозир-гоиб кардани хонандагон;
омода намудани ахли синф ба дарс.

2.Такрори дарси гузашта. Дарсро аз гузоштани масъала огоз кунед. Бо саволхои зерин ба хонандагон мурочиат кунед:
1. Барои бофтани маснуот кадом асбобхоро истифода мебаранд?
2. Коидахои техникаи бехатарй хангоми бофтан бо сиххоро номбар кунед.
3. Хангоми бофтан кадом риштахоро истифода мебаранд?
4. Навъхои чангакро номбар кунед.
3.Шиносой бо мазмуни мавзуъ. Сухбат дар бораи духтани пойафзоли хонагй. Омузгор ба хонандагон дар бораи интихоби матоъ барои духтани пойафзол, тарзи дурусти гирифтани колиб барои духтани пойафзоли хонагй, интихоби банд, ресмон раванди гирифтани колаб аз пой шарх медихад.
Барои кисми болои пойафзол матоъхои яклухти гафс ё тунуки дукабатаро истифода мебаранд. Таги пойафзолро аз матои гафс ё борики чандкабата тайёр мекунанд. Матои таги пойафзолро дар мошини дарздузй бо ресмони тофтаи гафс медузанд.

Ч,ойи бандро аз матоъхои кухна ё милки матоъ ва чуроби кухна бофтан мумкин аст.
Тайёр кардани колаби пойафзол:
1. Пойро бе пойафзол ба руйи когаз гузошта, гирди онро калам кашед.
2. Хатро ба хати гирди пой мувофик карда, 0, 5 см изофа мемонем, барои чок аз хамин хат мебурем ва таги пойафзол хосил мешавад.
3. Аз когаз мураббаъ буред ва тарафхояшро ба дарозии таги пойафзол баробар кат кунед ва як кисми катшударо буред. Росткунча хосил мешавад, ки ба ду таксим мешавад аз тарафи чапаш то хати каткунии нуктаи Н кат карда, нуги кунчашро ба нуктаи А оред. Когазро кушода аз кунчи Н хати уреб кашед ва нишона гузоред, нуктаи Х хосил мешавад.

Намудхои гуногуни пойафзоли хонагй

4.Мустахкамкунии мавзуи нав:
1. Барои кисми болои пойафзол чй гуна матоъхо истифода мебаранд?
2. Аз кадом матоъ таг (каф)-и пойафзолхо тайёр мекунанд?
3. Ч,ойи бандро аз кадом матоъ бофтан мумкин аст?
5.Истифодаи усули “Кластери сода”
Кластер (claster — хуша, даста) усули гирдоварии андешахои хонандагон доир ба ягон мавзуъ, мафхум буда, дар шаклхои гуногун тасвир меёбад. Ин усул аз тарафи мутахассиси проблемахои эчодй Тони Бюзан кор карда шудааст. Ин усул имкон медихад, ки хонандагон барои фикр намудани мавзуи дарпешистода сафарбар шаванд.
Максадхои истифодаи усули Кластер. гирдоварии андешахои хонандагон; бунёди вазъияти чустучу; инкишофи малакахои баёни мухтасари фикр; омузиши роххои гуногуни гирдоварии андешахо; пешниход кардани маълумотхои иловагй; муайян кардани дониши хонандагон доир ба мавзуъ.

6.Кори амалй: Тайёр кардани колаби пойафзол
Омузгор коидахои техникаи бехатарй ва санитарию гигиенй аз тарафи хонандагон назорат мекунанд.
Кадамхо:

1. Омузгор супориш дихад, ки пойро мувофики расми сахифаи 119 ва 120-и китоби дарсй (г) бе пойафзол ба руйи когаз гузошта, гирди онро бокалам кашида тавонад.
2. Хатро ба хати гирди пой мувофик карда, 0, 5 см изофа монда, барои чок аз хамин хат бурида ва таги пойафзол хосил мешавад;
3. Аз когаз шакли мураббаъ буред ва тарафхояшро ба дарозии таги пойафзол баробар кат карда шавад;
4. Як кисми катшуда бурида шавад;
5. Росткунча хосил мешавад, ки ба ду таксим карда шавад;
6. Аз тарафи чапаш то хати каткунии нуктаи Н кат карда, нуги кунчашро ба нуктаи А оварда шавад;
7. Когазро кушода аз кунчи Н хати уреб кашида, нишона гузошта, нуктаи Х хосил карда шавад.
8. Колабхои тайёрро ба матоъ гузошта, мувофики талабот бурида шавад;
9. Кисмхои тайёршударо аввал дастй баъд бо мошинаи дарздузй коркард карда шавад;
10. Мувофики табъу завки хонанда руйи пойафзол ороиш дода шавад;
11. Вобаста ба кори амалии ичрошуда аз тарафи омузгор бахогузорй карда мешавад. 

Раванди гирифтани цолаб барои духтани пойафзоли хонагй

7.Дарсро чамъбаст намуда, кори хонандагонро кадр кунед.
8.Арзёбй. Дар чараёни дарс фаъолияти таълимии хонандагонро мушохида намуда, дарачаи ба салохиятхо ноил гаштани онхоро муайян кунед. Натичахои фаъолияти таълимии хонандагонро аз руйи савол ва супоришхои зерин арзёбй карда метавонед (мувофици натицаи арзёбии мазкур ба хонандагон бауои аъло, хуб, цаноатбахш ва гайрицаноатбахш гузошта мешавад).
Фаъолият метавонад кисман метавонад наметавонад

Дар бораи духтани пойафзоли хонагй шарх дода метавонад?
Тарзи дурусти тайёр кардани колиб ва духтани пойафзоли хонагиро шарх дода, онро дар амал ичро карда метавонад?
Барои духтани пойафзоли хонагй матоъ-хои лозимиро интихоб карда метавонад?
Хангоми ичрои кори амалй техникаи бехатариро риоя карда метавонад?
Эхтиёткорона кор кардан ва муносибати хуб бо асбобу абзорхоро риоя карда метавонад?

_________________________________________________________________________________________________________________