План конспекты уроков по государственному языку

Гуломова М.C (Скачать)

Омӯзгор: Гуломова М.C.

Синфи 9-адабиёт
Мавзўъ: Рўзгори Ҷалолуддини Балхӣ. Саҳ. 60-61.
Мақсад: Такмил додани малака ва маҳорати суханварӣ, андешаронӣ, маҳорати қироъати пораҳои назмӣ ва насрӣ, луѓатомўзӣ, Ҷиҳати тарбиявии осори шоир ва забони осори адиб.
Р а ф т и д а р с:
1. Лаҳзаи ташкилӣ:
Одоби муошират, омодагӣ ба дарс (китоб, дафтари қоидаҳо, инкишофи нутқи мураттаб, ручка, қалам, бўр ва латта). Ба назар гирифтани иштироки хонандагон ба дарс.
2. Пурсиш: Маълумот дар бораи санъати саҶъ ва навъҳои он.
А) СаҶъ чист? Маънояш чӣ будааст? (наво, савт ё овози хуши мурѓони хушхон) СаҶъ дар наср чиро таъмин менамояд? (хушоҳангии онро).
Б) Кадом адибон бо санъати саҶъ асарҳо офаридаанд? Ин санъат ба хонанда таъсир мерасонад? Насри Саъдиро чи гуна гуфтаанд? Чаро шоир ба ин санъат диққати махсус додаст? СаҶъ ба чанд навъ Ҷудо мешавад? (ба се навъ: саҶъи мутавозӣ, мутарраф ва мутавозин). Шарҳи навъҳои саҷъ бо овардани мисолҳо.
3. Мустаҳакамкунӣ:
А) Кироати пораҳои назмӣ ва насрӣ ва муқоисаи онҳо. Фарқи насри мусаҶҶаъ аз насри оддиро бо хондани пораҳои насрӣ муайян намудан.
Б) Ба саволҳо аз саҳ. 58-59 Ҷавоб додан.
В) Такрори мавзўъҳои гузашта.
4. Баёни мавзўи нав: Рўзгори Ҷалолуддини Балхӣ. Саҳ. 60-62.
А) Соли 1212. Нақшаи ҳуҶуми Чингизхон ба Осиёи Миёна. ҲиҶрати олимону донишмандон ба хориҶ. Азми ҳиҶрат намудани Баҳоуддин Валад- донишманди муқтадир аз Балх. Даъвати Муҳаммад Хоразмшоҳ ва рад шудани он аз Ҷониби донишманд. Дар Нишопур дар меҳмонии Аттори Нишопурӣ. Ҷалолуддини 6-солаи зирак ва Аттор. Сафар ба Макка, Каъба, Димишқ, Арманистон ва баъд ба Туркия ва ахиран Қуния.
Б) Аз бузургони замон дарс гирифтани Ҷалолуддини Балхӣ. Дар 37- солагӣ бо Шамси Табрезӣ во хўрдан ва омўхтани илми тасаввуф аз вай. Ў дар роҳи Ҳақ буд ва худои ягонаро парастиш мекард. Вафоташ 17 декабри соли 1273. Гуселаш ба роҳи охират пандомўз ва барои дигарон намунаи ибрат буд.
5. Мустаҳакамкунӣ:
А) Хониши ифоданоки пораҳои назмӣ ва насрӣ. Такрори мавзўъ.
Б) Тартиб додани чанд намунаи нақшаи иншо ва хулосаҳо аз мавзўъ.
6. Супориш: Рўзгори Ҷалолуддини Балхӣ. Саҳ. 60-62.
7. Эълони баҳо.

Омӯзгор: Гуломова М.C.

Синфи 9-адабиёт
Мавзўъ: Мероси адабии Ҷалолуддини Балхӣ. Саҳ. 62-66.
Мақсад: Такмил додани малака ва маҳорати суханварӣ, андешаронӣ, маҳорати қироъати пораҳои назмӣ ва насрӣ, луѓатомўзӣ, Ҷиҳати тарбиявии осори шоир ва забони осори адиб.
Р а ф т и д а р с:
1. Лаҳзаи ташкилӣ:

Одоби муошират, омодагӣ ба дарс (китоб, дафтари қоидаҳо, инкишофи нутқи мураттаб, ручка, қалам, бўр ва латта). Ба назар гирифтани иштироки хонандагон ба дарс.
2. Пурсиш: Рўзгори Ҷалолуддини Балхӣ. Саҳ. 60-62.
А) Соли таваллудаш? Кадом ҳодиса сабаби ҳиҶрати олимону донишмандон ба ҳар Ҷониб гардид? Баҳоуддин Валад кист ва чӣ мартаба дошт? (донишманди муқтадир аз Балх). Муҳаммад Хоразмшоҳ кист? Чаро муддате дар Нишопур монданд? Ҷалолуддини 6-сола. Ба куҶоҳо сафар карданд? (Макка, Каъба, Димишқ, Арманистон ва баъд ба Туркия ва ахиран Қуния).
Б) Ҷалолуддини Балхӣ аз кӣ дарс гирифтааст? Аз Шамси Табрезӣ чиро омўхт? Ў дар кадом роҳ устувор буд? Чаро миёни мардум маҳбубият дошт? Манзараи гуселаш ба роҳи охират чӣ гуна аст ва таъсири маънавии он ба дигарон.
3. Мустаҳакамкунӣ:
А) Аз кадом лаҳзаҳои зиндагии адиб дар ҳайрат шудед? Кадом лаҳза бароятон фаромушнопазир аст? Шумо ба Ҷои онҳо бошед, чӣ кор мекардед? Зиндагиашон осон ба назар мерасад?
Б) Мубоҳиса миёни хонандагон дар мавзўи гузашта.
В) Такрори мавзўъҳои гузашта.

4. Баёни мавзўи нав: Мероси адабии Ҷалолуддини Балхӣ. 62-66.

А) Адиби файласуф. Илму адаб (адабиёт) дар зиндагиаш ҳамеша бо ҳам будаанд. Андешаҳояшро бо шеър ифода кардааст. Гуфтаи шарқшинос Бертелс. Осораш: «Маснавии маънавӣ», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», ва «Девони кабир». Мавзўи осораш накўӣ, ахлоқи шоиста, ишқи заминӣ ва илоҳӣ, донистани қимати умри ба мо додашуда, то беҳуда нагузарад. Мазмуни рубоиёти с. 63-64. Ҳикоятҳо аз асари насрӣ «Фиҳӣ мо фиҳӣ». Дар боѓ.., муаллим ва шогирд.., панди модар ба писараш.Нафрат ба чингизиён, хазлу мутоибаҳои намакин дар асар.
5. Мустаҳакамкунӣ:
А) Хониши ифоданоки пораҳои назмӣ аз осори адиб.
Б) Мубоҳиса, нақшаи иншо ва хулосаҳо аз мавзўъ.
6. Супориш: Мероси адабии Ҷалолуддини Балхӣ. 62-66.
7. Эълони баҳо.

Омӯзгор: Гуломова М.C.

Синфи 9-забон
Мавзўъ: Маълумот дар бораи мавқеи Ҷумлаи пайрав, мавқеи аломатҳои китобат дар Ҷ.м. тобеъ ва Ҷумлаи пайрави пуркунанда. Саҳ. 37-40.
Мақсад: Такмил додани малака ва маҳорати тартиб дода тавонистани Ҷумлаҳои мураккаб бо мазмуни баланди тарбиявӣ ва муайян намудани мавқеи Ҷумлаи пайрав.Фарқ карда тавонистани Ҷумлаи пайрави пуркунанда аз рўйи аломатҳояш.
Р а ф т и д а р с:
1. Лаҳзаи ташкилӣ:
Одоби муошират, омодагӣ ба дарс (китоб, дафтари қоидаҳо, корӣ, ручка, қалам, бўр ва латта ва ба назар гирифтани иштироки хонандагон ба дарс).
2. Пурсиш: Машқи 56. Қоидаҳо аз ёд.
А) Тафтиши супориш: Ба Ҷумлаҳо Ҷумлаи пайрави мувофиқ ёфта навиштан (дурустӣ ва мазмуни баланди Ҷумлаҳоро санҶидан).
Б) Бо истифодаи машқи 56 тартиб додани Ҷумлаҳои зиёде бо маъниҳои дигар (шифоҳӣ ва хаттӣ).
3. Мустаҳакамкунӣ:
А) Ҷумлаҳоро давом диҳед: Вақте ки падарам… Ҳангоме ки Назира… Ба шарте ки корхонаи… Ба китобхона меравам, …
Б) Таҳлили синтаксисии Ҷумлаҳои навишташуда.
В) Такрори қоидаҳо аз мавзўъҳои гузашта.
4. Баёни мавзўи нав: Маълумот дар бораи мавқеи Ҷумлаи пайрав, хелҳои он ва Ҷумлаи пайрави пуркунанда. Саҳ. 37-40.
А) Аксаран Ҷ.м. тобеъ бо як Ҷумлаи пайрав меоянд. Ҷ. Пайрави таркиби Ҷ.м.тобеъ ба хелҳои. Ҷ. пайрави: пуркунанда, муайянкунанда, мубтадо, хабар ва ҳол Ҷудо мешаванд. Ҷ. пайрави пуркунанда дар таркиби Ҷ.м.т. омада сарҶумларо аз ягон Ҷиҳат эзоҳ медиҳад: Мо интизор будем (чиро?), ки хонандаи мактаби мо соҳиби Ҷои аввал мешавад. Дар боѓамон дидем, ки (чиро?) гули худрўи аҶибе шукуфтааст. Ҷумлаи п.п. пеш ва пас аз сарҶумла омада метавонад.
Б) ИҶрои супориши машқи 63. (муайян намудани Ҷ. пайрави пуркунанда.
5. Мустаҳакамкунӣ:
А) ИҶрои супориши машқи 66 (шифоҳӣ).
Б) Тартиб додани Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо воситаҳои алоқаи гуногун.
Б) Такрори қоидаҳо.
6. Супориш: ИҶрои супориши машқи 65. Қоидаҳо аз ёд.
7. Эълони баҳо.

Омӯзгор: Гуломова М.C.

Синфи 6-забон
Мавзўъ: Сифатҳои аслӣ ва нисбӣ. Саҳ. 56-58.
Мақсад: Такмил додани малака ва маҳорати хушхатӣ ва суръатнокии навишт, фаҳмонидани хусусияти сифатҳои аслӣ ва нисбӣ, тартиб додани сифатҳои аслӣ, нисбӣ ва истифодаашон дар Ҷумлаороӣ.
Р а ф т и д а р с:
1. Лаҳзаи ташкилӣ:
Одоби муошират, омодагӣ ба дарс (китоб, дафтари қоидаҳо, корӣ, инкишофи нутқи мураттаб, ручка, қалам, бўр ва латта). Ба назар гирифтани иштироки хонандагон ба дарс.

2. Пурсиш: Машқи 96. Навишта зери сиф. аслӣ ва нисбӣ хат каш.
А) Хонондани иҶрои супориш бо муайян намудани сифатҳои аслӣ ва нисбӣ.
Б) Тартиб додани сифатҳои аслӣ ва нисбӣ: хонаи васеъ, номи зебо, гули коѓазин, синфи панҶум, падари Шариф…
В) Бо сифатҳои аслӣ ва нисбии тартибдодашуда Ҷумлаҳо оростан(шифоҳӣ).
3. Мустаҳакамкунӣ:
А) ИҶрои супориши машқи 94(хаттӣ).
Б) Тартиб додани Ҷумлаҳо аз рўйи расм бо истифодаи сифатҳо.
В) ИҶрои супориши машқи 92 (шифоҳӣ) ва такрори мавзўи сифат (шифоҳӣ).
4. Баёни мавзўи нав: Сифатҳои аслӣ ва нисбӣ. Саҳ. 54-56.
А) Сифат аз рўйи ифодаи ҳолату чигунагии исм ба ду гурўҳ Ҷудо мешавад: аслӣ ва нисбӣ. Сифати аслӣ аломати хос ва асосии исмро мефаҳмонад: расми зебо, духтари чаққон, ҳавлии тоза, роҳи калон ва ѓ.
Б) Сифати нисбӣ аломати ашёро нисбат ба чизе, касе, маконе, ҳодисае фаҳмонда бо ёрии пасвандҳои –ӣ (гӣ), -ин (-ина), -она сохта мешаванд: сангин, шишагӣ, пўлодӣ, пашмина, кўдакона…
Б) ИҶрои машқи 95. Бо истифодаи калимаҳои додашуда тартиб додани ибораҳои сифати аслӣ ва нисбидошта (шифоҳӣ).
5. Мустаҳакамкунӣ:
А) Бо ибораҳои тартибдода Ҷумлаҳо ороста таҳлили морфологӣ кардан ва дар зери сифатҳои аслӣ ва нисбӣ хат кашидан.
В) Такрор намудани мавзўи гузашта ва қоидаҳо.

6. Супориш: Бо истифодаи сифатҳои аслӣ ва нисбӣ тартиб додани Ҷумлаҳо.
7. Эълони баҳо.

_______________________________________________________________________________________________________________________
Ниезова П.С. (Скачать)
Парвина С. 3 соата
14.04.2019
Омузгор: Ниёзова П.С

Синфи 7 «Б»
Мавзуъ: Зиндагиномаи Лоик Шерали
Максад: Ба хонандагон дар бораи зиндагиномаи Лоик Шерали маьлумот додан
Аеният: Мачмуахои Лоик Шерали
Рафти дарс:

I. Кисмати ташкилии дарс: одоби салодихи, рапорти навбатдорон, кайди журнал.
II. Пурсиши вазифаи хонаги: ба тарики саволгузори мавзуи дарси гузашта а хонандагон пурсида мешавад.
III. Фаьолгардони: дар ин кисмати дарс дониши хонандагон ба тарики пешниход намудани тестхо санчида мешавад. Санчиши тести дахони гузаронида мешавад.
IV. Баени мавзуи нав: Лоик Шерали 20 майи соли 1941 дар дехаи Мазори Шарифи нохияи Панчакент дар оилаи марди донишманд ба дуне омадааст. Аввалин шеьраш «Ном» соли 1959 дар мачаллаи «Садои Шарк» чоп шуда буд. Лоик муаллифи китобхои «Сари сабз» (1960), «Нушбод» (1971), Сохилхо (1972), «Ташнадил» (1974), «Хоки Ватан» (1982) ва г. мебошад.

V. Лахзаи дамгири: Машки сабуки дастхо гузаронида мешавад. Сипас аз эчодиети шоирони муосир шеьрхо кироат карда мешавад.
VI. Мустахкамкуни: Аз китоби дарси аз сахифаи 293-296 аз мачмуаи «Илхом», «Хоки Ватан» шеьрхо тахлил карда мешаванд.
VII. Чамъбаст ва бахагузори ба дониши хонандагон: Дар ин кисмат ба хонандагоне, ки дар рафти дарс фаъол буданд, бахо гузошта мешавад.
VIII. Супориши вазифаи хонаги: Аз сахифаи 291-293 хонда омаданд.

Омузгор: Ниёзова П.С
17.05.2019
Синфи 7 «Б»
Мавзуъ: Пайвандакхо дар забони точики.
Максад: Ба хонандагон дар бораи пайвандак маьлумот доданд.
Аеният: Схемаи пайвандакхои забони точики.
Рафти дарс:

I. Кисмати ташкилии дарс: одоби салодихи, рапорти навбатдорон, кайди журнал.
II. Пурсиши вазифаи хонаги: ба тарики саволгузори мавзуи дарси гузашта а хонандагон пурсида мешавад.
III. Фаьолгардони: дар ин кисмати дарс дониши хонандагон ба тарики пешниход намудани тестхо санчида мешавад. Санчиши тести дахони гузаронида мешавад.

IV. Баени мавзуи нав: Пайвандак-хиссаи еридихандаи нутк буда, азои чидаи чумла ва чумлахои содаи таркиби чумлахои мураккабро ба хам алокаманд менамояд. Микдори пайвандахо мувофики талаботи забон аз хисоби калимахои мустакил руз то руз зиед мешавад. Пайвандакхо ба ду гурух чудо мешавад: пайвандакхои пайвасткунанда ва пайвандакхои тобеъкунанда. Пайвандакхои пайвасткунанда – ва, у, ю, аммо, вале, лекин, балки ва г. Пайвандакхои тобеъкунанда- ки, зеро ки, то ки, вакте к ива г….

V. Лахзаи дамгири: Машки сабуки дастхо гузаронида мешавад.
VI. Мустахкамкуни: Аз китоби дарси аз сахифаи 289-292 машки 176-177 тахлил карда мешавад. Тахлил асосан дар тахтаи синф гузаронида мешавад.

VII. Чамъбаст ва бахагузори ба дониши хонандагон: Дар ин кисмат ба хонандагоне, ки дар рафти дарс фаъол буданд, бахо гузошта мешавад.

VIII. Супориши вазифаи хонаги: Аз сахифаи 289 машки 175.

Омузгор: Ниёзова П.С

24.05.2019
Синфи 10 «Б»
Мавзуъ: Зиндагиномаи Шамсиддини Шохин
Максад: Ба хонандагон дар бораи зиндагиномаи Шамсиддин Шохин маьлумот додан
Аеният: Мачмуаи Шамсиддин Шохин
Рафти дарс:

I. Кисмати ташкилии дарс: одоби салодихи, рапорти навбатдорон, кайди журнал.
II. Пурсиши вазифаи хонаги: ба тарики саволгузори мавзуи дарси гузашта а хонандагон пурсида мешавад.
III. Фаьолгардони: дар ин кисмати дарс дониши хонандагон ба тарики пешниход намудани тестхо санчида мешавад. Санчиши тести дахони гузаронида мешавад.
IV. Баени мавзуи нав: Шамсиддин Шохин соли 1859 дар оилаи мулло Амон, дар шахри Бухороба дуне омадааст. Илмхои замонаашро Шохин дар мадрасахои Бухоро омухтааст. У аз синни 8-9 солаги ба шеъргуи пардохтааст. Шохин дорои хати зебо буд. Дар ташаккули шоирии у сахни падараш хеле калон аст. Дар эчодиети у жанри газал мавкеи асосиро ишгол мекунад…
V. Лахзаи дамгири: Машки сабуки дастхо гузаронида мешавад. Сипас аз эчодиети шоирони классик шеьрхо кироат карда мешавад.
VI. Мустахкамкуни: Аз китоби дарси аз сахифаи 254-257 аз мачмуаи шоир кироати газалхо.
VII. Чамъбаст ва бахагузори ба дониши хонандагон: Дар ин кисмат ба хонандагоне, ки дар рафти дарс фаъол буданд, бахо гузошта мешавад.
VIII. Супориши вазифаи хонаги: Аз сахифаи 254-257 хонда омаданд.

___________________________________________________________________________________________________________________
Кутбидинов 8 Соати дарси
Забони давлатӣ синфи 9 “а”
23.05.2019

Омӯзгор: Кутбидинов C.
Мавзӯъ: Хониши бадеӣ. Кор бо калима ва ибораҳо
Мақсади дарс: — Инкишофи маҳорати хониш бадеӣ
— Инкишофи маҳорати нақли шифоҳӣ
— Маҳоарти истифодаи ибораҳои рехта
— Омӯзиши лӯғат
Таҷҳизонидан: Асарҳои бадеӣ
Алоқамандӣ: Бо забони русӣ (виразителний читения)
Шакли дарс: фаъолгардонии хонандагон бо арзёбии салоҳиятҳо
Рафти дарс:
1. Ташкили дарс
А) омоданамоии синфу хонандагон
Б)одоби муошират
2. Пурсиши вазифаи хонагӣ
1. Санҷиши кори эҷодӣ дар гурӯҳҳо
2. Санҷиши стаҳи луғатдонӣ
3. Аз рӯи матнҳои эҷодӣ саволу ҷавоб намудан
3. Фаъолгардонӣ (мустаҳкамкунӣ)
Аз рӯи мазмуни матн ҷавоб гуфтан ба саволҳо: 5 – савол
Санҷиши супориши хона: Тарҷумаи номи асарҳои К.Мирзоев. Маълумоти дарёфтаи хонандагон оиди романи “Дар орзӯи падар”
4. Баёни мавзӯи нав
1. Хониши порчаи ҳикоят (хомӯшона)
Ифодаҳои ҳаммаъноро муҳокима кардан.
Дилу ҷонам пайванди шаҳр аст. Кори бисёр заҳмат талаб мекунад
5. Лаҳзаи фароғатӣ чанд латифа аз ҳаёти мактабиён
6. Мустаҳкамкунӣ
1. Хониши мустақилона “Деҳаи мо”. Маънои калимаҳои ишора шударо эзоҳ додан. Кор бо луғатҳои матн
2. Кор дар гурӯҳҳо: Дуруст менависем ва мехонем.
Номи вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳоро дуруст нависед, мавқеи ҷойгиршавиро муайян куне
7. Ҷамъбас ва эълони баҳо
8. Супориши вазифиа хонагӣ. саҳ 205 таърихчаи хурди шаҳр худро нависед.

Омӯзгор: Кутбидинов C.
Забони давлатӣ синфи 3 “А”, “Б”
14. 05. 2019
Мавзӯъ: Дӯсти бофаво
Мақсад: — Тақвияти ҳисси дӯстию рафоқат
— Инкишофи нутқи гуфтории адабӣ
— Таҳкимимаълумотҳои хонандагон оиди муносибат ба табиати зинда
— Омӯзиши луғат
Таҷҳизонидан: Расмҳои ҳайвоноту одамон аз табиати зинда
Алоқамандӣ: ба табиатшиносӣ
Шакли дарс: Фаъолгардонии шогирдон ба арзёбии салоҳиятҳо.

1. Ташкили дарс
а) омоданамоӣ
б) одаоби муошират
2. Пурсиши супориши хона
Иҷрои супориши 2 аз саҳ 162
1. М.Т дар бораи Ватан асарҳои зиёде эҷод кардааст.
2. Садриддин Айнӣ қаҳрамони Тоҷикистон мебошад.
3. Шеъри “П.Т”- ро аз ёд медонем.
4. Мактаби мо дар ноҳияи Шоҳманср мебошад.
3. Фаъолгардонӣ (мустаҳкамкунӣ)
Санҷиши иҷрои супориши 1 аз саҳ 165
1. Ман ба лагери “НАсими кӯҳсор” рафтам
2. Легерҳои “Ширкент” ва “Явроз” ба ман писанд аст
3. Т _____________________?
4. Фасли тобистон : ____, ____ ва _____ иборат аст
4. Баёни мавзӯи нав:
1. Шиносои ба расми китоб. Вобаста ба расм фикри худро ба тариқи шифоҳӣ баён намоед
2. Хониши матн
5. Лаҳзаи фароғатӣ. Машқи варзиши бо ҳаракати гардан, дастҳо, пойҳо, ҳаракат дар ҷой.
6. Мустаҳкамкунӣ
Ҷавоб ба саволҳо
1. Саг чаро бо гург дӯст нашуд?
2. Хирс аз чӣ метарсидааст?
3. Чаро саг ва одам то имрӯз дӯстанд?
7. Ҷамъбаст ва эълони баҳо
8. Супоридани вазифаи хонагӣ: Супориши 1 ҷумлаҳоро пурра кунед. Ҳифзи луғат

Омӯзгор: Кутбидинов C.
Забони давлатӣ синфи 5 “А”
07. 05. 2019
Мавзӯъ: Дониш талабу…
Мақсад: — Таҳкими маълумотҳо оиди аҳмияти илму дониш
— Инкишофи нутқи гуфтории хонандагон
— Ташаккули маҳорати баёни андеша дар нутқи хаттӣ
— Омӯзиши луғат
Таҷҳизонидан: Китоби панду андарз
Алоқамандӣ: ба адабиёти классикии тоҷик
Шакли дарс: Фаъолгардонии шогирдон ба арзёбии салоҳиятҳо.

9. Ташкили дарс
а) омоданамоӣ
б) одаоби муошират
10. Пурсиш:
1. Зарфҳо аз рӯи маъно чанд хел мешаванд?
2. Зарфи тарзи амал чиро мефаҳмонад?
3. Зарфи монандӣ чиро мефаҳмонад?
4. Зарфи миқдору дараҷа чиро мефаҳмонад?
5. Зарфи замон чӣ?
6. Зарфи макон чӣ?
7. Зарфи сабабу мақсад чӣ?
11. Фаъолгардонӣ (мустаҳкамкунӣ)
Бо сохти зарфҳо се мисол гӯед ва ба сетои он ҷумла созед ва навъи зарфро муайян кунед.
12. Баёни мавзӯи нав
1. Дониш талабу бузурги омӯз
То беҳ нигарад рӯзат ва рӯз
2. Дониш андар дил чароғи…
3. В – аз ҳам бад бар тани ту…
4. Тавоно бувад ҳар ки….
Зи дониш дили пур…
13. Лаҳзаҳои фароғатӣ вобаста ба чистон дар бораи китоб
14. Мустаҳкамкунӣ
Аз рӯйи байти Носири Хусрав таасуроти худро нависед:
Биёмӯз, агар чанд душворат ояд,
Ки душвор аз омӯхтан гашт осон
15. Ҷамъбаст ва баҳогузорӣ
16. Супориши вазифаи хонагӣ: Нақли мухтасар аз руйи баёти:
Ту ба омӯхтанд баланд шавӣ… (саҳ 92)

Омӯзгор: Кутбидинов C.
Забони давлатӣ синфи 9 “А”
15.05.2019
Мавзуъ: Хониш ва таҳлили матн
Ҷумлаи мураккаб ва ҷумлаи пайрави замон
Мақсад: — маҳорати таҳлили матн
— Маҳорати ҷудо кардани ҷумлаҳои пайрав
— Маҳорати ҷумласозӣ
— Омӯзиши луғат
Таҷҳизонидан: Овезаи ҷумлаҳои мураккаби тобеъ
Алоқамандӣ: Ба забони русӣ ва адабиёти тоҷик
Шакли дарс: Фаъолгардонии хонандагон бо арзёбии салоҳиятҳо
Рафти дарс:
1. Ташкили дарс
А) омоданамоии синфу хонандагон
Б) одоби муошират
2. Пурсиши вазифаи хонагӣ
1. Сӯҳбати фаъоли хонандагон оиди оқибатҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ва аҳмияти пирӯзии халқи шуравӣ
2. Аз ёд гуфтани шеъри Гулназар Келдӣ “Мо ношикастаем”
Мазмуни шеърро бо фарзияҳои хонандагон оғоз намуда, андешаҳои хонандагонро ҷамъбаст намудан
3. Фаъолгардонӣ (мустаҳкамнамоӣ)
Вобаста ба ҳамбастагию ваҳдат хулосаҳои худро бо 5 – ҷумла нависед.
4. Баёни мавзӯъи нав.
— Хониши ифоданоки матни “Падарам”
— Шарҳи луғатҳои матн
— Мазмуни матнро шифоҳӣ нақл кунед
— Аз матн ҷумлаи пайрав ва сарҷумларо ҷудо намудан
— Ҷумлаи пайрави замон: замони иҷрои амали сарҷумларо нишон медиҳад
— Пайвандакҳо: ки, вақте ки, замоне ки, ҳангоме ки, чунки, ҳар гоҳ ки, пеш аз он ки, баъд аз он ки.
Ҷумлаи пайрави замон одатан пеш аз сарҷумла меояд.
5. Лаҳзаи фароғатӣ: хониши латифаҳо
6. Мустаҳкамкунӣ
Кори гурӯҳӣ:
Г1. Вақте ки аз хоб бедор шудам,…
Г2.Пас аз он ки мактабро хатм кунам,…
Г3.Пеш аз он ки хӯрок хӯрӣ,…
7. Ҷамъбаст ва эълони баҳо ба фаъолият
8. Супоридани вазифаи хонагӣ. саҳ (194 – 195 аз рӯи ҷадвал)

Омӯзгор: Кутбидинов C.
Забони давлатӣ синфи 9 “А”
24.04.2019

Мавзӯъ: Таснифоти мухтасари ҷумлаҳои мураккаб
Мақсад: — Таҳлили донишҳо оиди ҷумлаҳои мураккаб
— Маҳорати сохтани ҷумлаҳо
— Маҳорати таҳлили байни забонии ҷумлаҳо
— Омӯхтани луғат

Таҷҳизонидан: Овезаҳои ҷумлаҳои мураккаб
Алоқамандӣ: Бо забони русӣ ва забони англисӣ
Шакли дарс: Фаъолгардонии хонандагон ба арзёбии салоҳиятҳо
Рафти дарс
1. Ташкили дарс
а) Омоданамоӣ
б) одоби муошират
2. Пурсиши вазифаи хонагӣ
а) кадом мафҳумҳо бештар ба шкали ихтисор меоянд
б) ихтисорҳо ба чанд шакл навишта мешавад
в) бо ҳарфҳои хурд бештар кадом мафҳумҳоро истифода менамоянд
г) бо ҳарфҳои калон чӣ?
д)ному насаби одамон чӣ гуна навишта мешаванд
3. Фаъолгардонӣ
Номҳои зеринро ба шакли ихтисор нависед.
Калимаҳоро аз ҷиҳати сохт таҳлил намоед
Санҷиши супориши хонагӣ
4. Баёни мавзӯи нав
а) маълумот оиди ҷумлаҳои мураккаб
б) таҳлили ҷумлаҳои мураккаби пайвандакдор
в) шарҳи луғат
5. Лаҳзаи фароғатӣ
Чанд латифа аз ҳаёти мактабиён
6. Мустаҳкамкунӣ
Бо пайвандакҳо мисол нависед
Ҷумлаҳоро хонада хелҳои онҳоро шарҳ диҳед
7. Ҷамъбаст ва эълони баҳо
8. Супоридани вазифаи хонагӣ
Саҳ 189: ба ҳар як хели ҷумлаҳои мураккаб як ҷумлаи нависед.

Омӯзгор: Кутбидинов C.
Забони давлатӣ синфи “А”
10.04.2019
Мавзӯъ: Хониши ифоданок. Пайвандаки сервазифаи “ки”
Мақсад: Хониш ва дарки маънӣ
— Таҳлили маҳорати тарҷума ва ҷумласозӣ
— Инкишофи нутқ
— Омӯзиши луғат
Таҷҳизонидан: Овезаи пайвандакҳо.
Алоқамандӣ: ба забони русӣ
Шакли дарс: фаъолгардонии хонандагон ва арзёбии салоҳифтҳо
Рафти дарс
1. Ташкили дарс
а) омодагӣ
б) одоби муошират
2. Пурсиш
а) санҷиши ҷумлаҳои саволӣ ва ҷавобии хонандагон
б) интихобан таҳлили синтаксисӣ намудани ҷумлаҳо
в) оиди маҳали худ нақли шифоҳӣ омада намоед.
г) муҳокимаи матни гуруҳҳо омода намуда оиди дарвозаҳои шаҳр
3. Фаъолгардонӣ:
Оиди мавқеи ҷойгиршавии дарвозаҳо матн омода намоед. Самти ҳаракати нақлиётиро муайян намоед.
4. Баёни мавзӯи нав:
а) оиди бинои дар расм буда чӣ маълумот доред?
б) хониши матни “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”
в) шарҳи луғатҳо
5. Лаҳзаи фароғатӣ:
Муҳокимаи чанд латифа аз “Рисолаи дилкушо”
6. Мустаҳкамкунӣ:
а) маълумот оиди пайвандакҳо
кор дар гуруҳҳо: ҷумлаҳоро пурра намоед:
1. Маълум буд, ки
2. Супориши устод ин аст, ки
3. Ман медонистам, ки
Гуруҳи 1: ҷумлаи пайрави мубтадо
Гуруҳи 2: ҷумлаи пайрави хабар
Гуруҳи 3: ҷумлаи пайрави пуркунанда
7. Ҷамъбаст ва эълони баҳо
60% хонандагон баҳо гиранд
8. Супоридани вазифаи хонагӣ
Саҳ 166 навиштан, саҳ 163 – 165 хонадан

Омӯзгор: Кутбидинов C.
Забони давлатӣ синфи 5 “А”
12.04.2019
Мавзуъ : Боз ва булбул.
Мақсад: — Таҳлили нутқи гуфтории хонандагон.
— Ташаккули малакаҳои зеҳнии онҳо
— Таҳкмибахши дарки маънӣ
— Луғатомӯзӣ
— Арзёбии салоҳиятҳо
Таҷҳизонидан: Овеза ва варақаҳои супоришӣ
Алоқамандӣ: Ба адабиёт
Шакли дарс: Фаъолгардонии хонандагон, татбиқи салоҳиятҳо дар раванди таълим.

Рафти дарс
1. Ташкилии дарс
а) омодашавӣ
б) одаоби муошират
2. Пурсиш:
а) Чаро сифати феълӣ меноманд?
б) сифати феъли чиро мефаҳмонад?
в) сифати феъли чанд замон дорад?
г) замони гузашта чиро далолат мекунад ва чанд шакл дорад? Рафт – а, дид – а
— гуфта – гӣ, рата – гӣ, дида – гӣ
Замони ҳозираи оянда чӣ хел сохта мешавад? Ме – омада – гӣ
3. Фаъолгардонии раванди таълим:
— Замони ҳозира. Рав – анда, гӯ – янда
— Замони оянда. Рафтан – ӣ, омадан – ӣ
4. Баёни мавзӯъи нав.
— Хониши пай дар пайи матнӣ
“Боз ва булубл”
-Саволу ҷавоб
— Булбул чӣ кор мекард?
— Ба ӯ чӣ ҳодиса рӯх дод?
— Булбул ба боз чӣ гуфт?
— Боз ба ӯ чӣ ҷавоб дод?
5. Лаҳзаи фароғатӣ (чанд латифа аз ҳаёти мактабиён)
6. Мустаҳкамкунӣ
Кори мустақилона (машқи 56)
7. Ҷамъбаст ва эълони баҳо
8. Супоридани вазифаи хонагӣ. (машқи 57 саҳ 97)

Омӯзгор: Кутбидинов C.

Забони давлатӣ синфи 3 “А”, “Б”
26.04.2019
Мавзӯъ: Мубтадо ва хабар. (Соминиён)
Мақсад: — Таҳлили маълумотҳо оиди аъзоҳои ҷумла
— Таҳлили муқоисавии мубтадо ва хабар бо забони русӣ
— Инкишофи маҳорати саволгузорӣ
— Омӯзиши луғат
Таҷҳизонидан: овезаи аъзоҳои ҷумла
Алоқамандӣ: бо забони русӣ
Шакли дарс: сӯҳбати фронталӣ ба арзёбии салоҳиятҳо
Рафти дарс
1. Ташкили дарс
а) омоданамоӣ
б) одоби муошират
2. Пурсиш:
Се ҷумлаи китобро навишта савол гузоред.
Ба ҷумлаҳои чистон ва тезгӯяк савол гузоред (шифоҳӣ)
3. Фаъолгардонӣ
Се ҷумлаи эҷодӣ дар пайравии ҷумлаҳои китобатӣ аз худ навиштан
4. Баёни мавзӯи нав
Хониши фосилавии матни “Соминиён”
Супориши 1: ба хабар мубтадо ҳамроҳ кардан
Асосгузори ин давлат Сомонхудот асӣ.
Шаҳри Балх дар Афғонистони имрӯза ҷой гирифтааст
5. Лаҳзаи фароғатӣ
Машқҳои варзишӣ
6. Мустаҳкамунӣ
Дар забони тоҷикӣ мубтадо асосан дар аввали ҷумла меояд ва хабар дар охири ҷумла
7. Ҷамъбаст ва баҳогузорӣ
8. Супориднаи вазифаи хонагӣ
Шеъри Эҳтиромро дар дафтар навишта савол гузоред ва онро аз ёд кунед.

___________________________________________________________________________________________________________________

Омузгор: Шарифзода М.А.
Дарси забони тоҷики дар синфи 7“а”

Мавзуъ: Машқҳо оид ба аъзоҳои пайрави ҷумла.
Мақсади дарс : Санҷиши дониши хонандагон, инкишофи нутқи хаттӣ, луғатомӯзӣ.
Таҷҳизот: китоби дарсӣ, варақаҳо.

Равиши дарс:

I.Ташкили дарс:

II.Пурсиши вазифаи хонагӣ.

1.Ҷумла чист?
2.Сарҷумла ва ҷумлаи пайравро бо мисолҳо фаҳмонед.
3 Ҷумлаи мураккаби пайваст аз ҷумлаи мураккаби тобеъ чӣ фарқ дорад?

III.Мустаҳакамкунӣ:

а) Ин калимаҳоро тарҷума кунед:
фаъол, аввалин, мардонавор, ҳуррият, рубоб, хизмат, мактуб, дилпурона.

IV.Баёни мавзуи нав

Аъзоҳои пайрав инҳоянд:
Муайянкунанда – чихел?чигуна?кадом?кӣ?чӣ?
Мунира толибаи фаъоли синфи мо аст. Фирӯза аввалин зане буд, ки мардонавор ба роҳи ҳуррият қадам гузошт.
Пуркунанда –киро? чиро? ба кӣ? ба чӣ? барои чӣ?
Эшоира китоб хонд. Муаллим ба хонандагон саволҳои иловагӣ дод. Ба ман сурудхонии Гулрӯ писанд омад.
Ҳол – кай? аз куҷо? чӣ тарз? чӣ қадар?
Мо тобистон дар истироҳатгноҳ дам мегирем (кай). Аз болои бом хоку хошок чун борон ба поён рехт (аз куҷо). Одина се соли пурра дар завод кор кард (чӣ қадар).

V.Мустаҳкамкунӣ

1. Ба мо …………… мактуб меомад.
2. Модар ба рафти хониши фарзандон ………… назорат мебарад.
3. Ман акнун аз болои сангҳо …………. қадам мезадам.
4. Иҷрои машқҳои 173 – 174.

VI. Мустаҳакамкунӣ:
1.Саволу ҷавоб оид ба аъзоҳои пайрави ҷумла.
2. Гузоштани баҳо ба рӯзномаҳо.
3.Эълони баҳоҳо.
VII. Супориши хонагӣ ва эълони баҳоҳо.
Машқи 175, аз ёд кардани қоидаҳо.

Омузгор: Шарифзода М.А.
Дарси адабиёт дар синфи 11 “а”

Мавзуъ: Зиндагӣ ва осори Саттор Турсун.
Мақсади дарс : дар бораи зиндагии адиб ва эҷодиёти ӯ додани маълумот.
Таҷҳизот: китоби дарсӣ, расми адиб.

Равиши дарс:

I. Ташкили дарс

II. Пурсиши вазифаи хонагӣ.

1. Дар бораи зиндагии Сайф Раҳим Афардӣ маълумот диҳед.
2. Эҷодиёти нависанда кай оғоз ёфтааст?
3. Маҷмӯаи “Дурӯғи сафед” кадом ҳикояҳоро дар бар мегирад.

III. Фаъолонидани хонандагон

а) аз ҳикояҳои адиб порчаҳо мутолиа кунед. Ҳангоми ҳикоя хондан кадом давраи ҳаётатон пеши назар меояд?

IV. Баёни мавзуи нав

Саттор Турсун соли 1946 дар деҳаи Пасурхии бойсуни вилояти Сурхандарё, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1970 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Як муддат дар муассисаҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1977 сармуҳаррири Рӯзномаи “Баҳори аҷам” буд. Ҳоло ба кори эҷодӣ машғул аст.
Фаъолияти эҷодиашро ҳанӯз айёми донишҷӯйи оғоз намудааст. Аввалин маҷмӯаи нависанда бо номи дили гарм соли 1971 чоп гардидааст. Асарҳои калонҳаҷми Саттор Турсун “Сукути қуллаҳо” (1974), китоби “Камони Рустам” (1976), “Барф ҳам мегузарад” (1983), пай дар пай ба табъ мерасанд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар тамоми эҷодиёти Саттор Турсун мавқеи марказӣ дорад, васфи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад. Образи асосии “Ситораи корвонкуш” – Назар ҷолиби диққат аст.
Саттор Турсун инчунин асарҳои ҷудогонаи адибони барҷаста чун Толстой Л.Н., Ҷек Лондон, Ш. Андерсен, А. Упит, И. Друсеро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Аксари асарҳои Саттор Турсун ба забони русӣ ва қисми аз асарҳои бадеии ӯ ба забонҳои ӯзбекӣ, эстонӣ ва арабӣ тарҷума шудаанд.
V. Мустаҳкамкунӣ

1. Оид ба зиндагиномаи Саттор Турсун маълумот диҳед.
2. дар бораи давраи аввали фаъолияти эҷодии нависанда чӣ медонед?
3. Маҷмӯаҳои нависандаро номбар кунед.
4. Оё Саттор Турсун ба тарҷума низ машғул шудааст?

VI. Ҷамбасти дарс ва эълони баҳоҳо.

1. Гузоштани баҳо ба рӯзномаҳо.
2. Эълони баҳоҳо.

VII. Супориши хонагӣ: Хондани саҳифаҳои 335 – 338.

Омузгор: Шарифзода М.А.
Дарси забони тоҷикӣ дар синфи 11 “а”

Мавзуъ: Ибораҳои фразеологӣ.
Мақсади дарс : дар бораи ибораҳои фразеологӣ додани маълумот, овардани мисолҳо, иҷрои машқ.
Таҷҳизот: варақаҳо, китоби дарсӣ.

Равиши дарс

I. Ташкили дарс
II. Пурсиши вазифаи хонагӣ.
1. Муродиф чист?
2. Мутазод чист?
3. Фарқи калимаҳои сермаъно аз ҳамгунаҳо дар чист?
4. Ҷумлаҳои навиштаатонро хонед.
III. Мустаҳакамкунӣ:
а) ному нишон, тарсу ваҳм, далеру ҷассур, инҳо чӣ гуна муродифҳоянд?
б) мутазодҳои калимаҳои зеринро ёбед:
— нек, олӣ, тарсу, форам, пурдаҳшат,
в) сари роҳ, сари кор, сари ҷӯй чӣ гуна калимаҳоянд?
2. Бо калимаҳои маҷозӣ мисолҳо биёред.
IV. Баёни мавзуи нав
Ибораҳои фразеологӣ.
Ибораи маҷозӣ ё воҳидҳои фразеологӣ унсури рехтаву устувори забонанд. Ин воҳидҳо аз ду ва ҳатто зиёда калимаҳо ташаккул меёбанд. Ин таъбирҳо ба мақсади тасвир мувофиқанд ва барои дилнишину рангин шудани сухан дар гуфтору навиштор арзишманданд:

— дил об шудан, дил хун кардан, дуд аз димоғ баромадан, чашм сиёҳ рафтан.
Ҳоло гиряву нола фоида надорад, ҳар қадар, ки фарёду фиғон мебарорӣ дили моро, ки худаш об шудааст, хун мекунӣ.
Ин ду девсиришт аз ду тарафи рӯям кашидаву кушода ду тарсаки заданд, ки дуд аз димоғам баромад, чашмам сиёҳ рафт ва пас аз як – ду печутоб хӯрдан рӯйнокӣ ба замин афтодам.
V.Мустаҳкамкунӣ:

Аспи ғазаб, оташи ғазаб, деги ғазаб – бо ин ибораҳо ҷумлаҳо тартиб диҳед.
Айёми баҳорон, вақти сарсабз ва тару тоза будани дарахтон, шабу рӯз ҳамрози гулу баргҳо буд насимак ва баъди тӯфон ё раъду барқ, жолаю борон, бо шӯхию бозии худ онҳоро навозиш мекард.
Бихандад лола бар саҳро,
Ба сони чеҳраи Лайло.
Бигиряд абр бар гардун,
Ба сони дидаи Маҷнун.
Хандаи лола ва гиряи абрро шарҳ диҳед.
Бо ин ибораҳо ҷумлаҳо тартиб диҳед:
— нақш бар об задан, хандидани гулҳо, дуд аз димоғ баромадан, тор танидан, обро дар ҳован кӯфтан.
Иҷрои машқи 280.
VI. Ҷамбасти дарс ва эълони баҳоҳо.
1. Гузоштони саволҳо ба ҷумлаҳо, ҷумлаҳоро таҳлили синтаксисӣ ва морфологӣ кардан.
2. Гузоштани баҳо ба рӯзномаҳо.
3. Эълони баҳо.VII. Супориши хонагӣ. Ичрои машки № 283.

Омузгор: Шарифзода М.А.
Дарси забони давлатӣ дар синфи 7 “а”

Мавзуъ: Такрори мавзуъҳои гузашта.
Мақсади дарс : Бо роҳи машқ такрорва мустаҳкам намуданимавзуъҳои гузашта, таҳлили морфологииҷумла.
Таҷҳизот: матнҳо, расмҳо,китоби дарсӣ.

Равиши дарс:

I.Ташкили дарс: Ҳолати санитарӣ, ҳисоботи навбатдор, омодпгӣ ба дарс.
II.Пурсиши вазифаи хонагӣ.
1.Ҳиссаҳои нутқро номбар кунед?
2. Ҳиссаҳои нутқ ба чанд гуруҳҷудо мешаванд?
3.Синоним ва антонимҳои исму сифатро шарҳ диҳед.
III.Фаъолонидани хонандагон
1.Аз калимахои додашуда зарбулмасалҳо тартиб диҳед:
а)Об,кулол, мундӣ,дар, хӯрдааст.
б)намеояд, ҷомаи, бо, кӯтоҳ, маслиҳат.
в)меҳнат, роҳат, бе, намеояд, даст, ба
2. Зарбулмасалҳоро ба забони русӣ тарҷума кунед.
IV.Баёни мавзуи нав
Мактаби мо дар бинои чорошёна ҷойгир аст.
Насими форам накҳати сабзаҳои худрӯйи лаби ҷӯйро ба димоғ мерасонад.
Офтоби ҷонбахш ба қишлоқ доман-доман нур пошид.
Сино вакти ба даҳсолагӣ расид, илми ҳисобро аз марде, ки сабзӣ мефурӯхт ёд гирифт.
Дар камтарин фурсат 23 асари Сино ба забони форсӣ – тоҷикӣ навишта шудаанд
V. Лаҳзаи дамгирӣ

VI.Мустаҳкамкунӣ

1.Ҷумлаҳоро таҳлили синтаксисӣ – морфологӣ кунед.
2. Ҷумлаҳоро бо забони тоҷикӣ тарҷума кунед.
Хонанда аз ҷавоби худ бағоят хурсанд буд. Ҳавопаймо роҳи моро хеле наздик кард. Пирамарде барои чидани занбӯруғ ба ҷангал рафт. Дар ҷангал овози нолаи ҷонгудози хирсбачаҳоро шунид.
3.Мисраи дуюми шеърҳоро ёбед.
а) Дониш талабу бузургӣ омӯз…
б) Ҳар кӣ ба забони худ сухандон гардад…
в) Дор адаби дарси муаллим нигоҳ…
г)Пароканда лашкар наояд ба кор…
д)Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад…

VII. Ҷамбасти дарс ва эълони баҳоҳо.
1. Гузоштони саволҳо ба ҷумлаҳо.
2. Гузоштани баҳо ба рӯзномаҳо.
3.Эълони баҳоҳо.
VIII.Супориши хонагӣ.
1. Ичрои машки №186
2. Аз ёд кардани луғатҳои русӣ – тоҷикӣ.
3. Аз ёд кардани қоидаҳо.

_______________________________________________________________________________________________________________________