План конспекты уроков по Физике

Муаллимаи физика: Пирова Х.С

Синфи 7
Санаи: 03.05.19
Мавзӯъ: Қувваи архимедӣ.
Қонуни Архимед.
Мақсади дарс: фаҳмонидани мафҳуми қувваи архимедӣ бо роҳи таҷрибаҳои гуногун.
Таҷҳизот: зарфҳои обдор ва ҷисмхои гуногунҳаҷм.
Равиши дарс: 1 Лаҳзаи ташкилии дарс: дида баромадани ҳолати омодагии хонандагон ба дарс.
2. Пурсиши вазифаи хонагӣ
а) Қувваи болобарандае,ки андаруни моеъ ба ҷисм таъсир мекунад?
б) Сабаб чист, ки хиштча бо таъсири қувва на сӯи чап мераваду на сӯи рост?
в) Афтиши санг дар моеъ аз афтиши он дар ҳаво чи фарк дорад?
3. Баёни мавзӯи нав.

Қуввае, ки ҷисмҳои дар моеъ (ё газ) ғутидаро сӯи боло тела медиҳад, қувваи архимедӣ ном гирифтааст. Ин қувва ба чӣ вобастагӣ дорад?
Аз рӯи таҷрибаҳои гуногун Архимед маълум намуд, ки ҷисми дар моеъ ғутида ба зичии моеъ ва ҳаҷми ҷисм мутаносиб мебошад.
F=ρмgV;

Барои рушан гардонидани вобастагӣ,таҷриба мегузаронем.
1.Ду зарф мегирем-яке обдор ва дигаре симобдор.Агар сақои оҳанинеро дар об андозем,ҳамоно меғӯтад,ба қаъри об меравад.Аммо ҳамон саққо дар симоб намеғӯтад,балки шино мекунад.Пас,бояд фаҳмо бошад,ки қувваи ҷисмболобаранда ба зичии моеъ вобаста будааст,чун ки симоб назар ба об зичии зиёд дорад.
4. Мустаҳкам намудани мавзӯъ.
Масъала:

Бигзор, вазни тоҷи зарине,ки Архимед санҷидани зари холис будани онро бар ӯҳда дошт, дар ҳаво 20н, вале андаруни об 18,75н буда бошад. Ба воситаи ҳисобу китоб муайян кунед,ки тоҷ аз зари холис аст ё не.
Д.ш.а. Хал:
Рхаво=20н Рх-Роб=20н-18,75н=1,25н
Роб=18,75н gρобV=1,25н
ρоб=103кг/м3 Вазни точ дар хаво
ρточ-? ρточV=20н
gρхаво/gρоб=20н/1.25*ρоб=16*103кг/м3=16000кг/м3
Зичии тилло 19300 кг/м3
Пас тоҷ аз зари холис сохта нашудааст.
5. Ҷамъбасти дарс, хулосабарорӣ ва супориши вазифаи хонагӣ:
§5.19 саҳ.215

Муаллимаи физика: Пирова Х.С

Синфи 8
Санаи 08.05.2019
Мавзуъ: Кори ҷарёни электрикӣ.
Мақсади дарс: фаҳмонидани мафҳуми кори ҷараёни электрикӣ.
Таҷҳизот: Амперметр,волтметр,калид,манбаи ҷараён,симҳои васлия,соат.
Равиши дарс:

I. Лаҳзаи ташrилии дарс:Дида баромадани ҳолати омодагии хонандагон ба дарс. Пурсиши вазифаи хонагӣ.
а) Дида баромадани натиҷаи халли масъалаҳои вазифаи хонагии додашуда
б)Шиддат чист ? Воҳиди шиддат ?
в) Волтметр барои чи истифода бурда мешавад?
г) Д. ш. а. Хал:
J=2A J=U/R;
R=20 Oм U=J*R=2A*20 Oм=40B
U-?

III. Баёни мавзуи нав. Ҳангоми дар ноқил бо низом харакат кардани заррахои заряднок бо таъсири майдони электрики кор ичро мешавад.Ин корро кори ҷараёни электрикӣ меноманд.Барои муайян кардани кори кучониши барқаи q дар қитъаи занҷир А волтажи нӯгҳои ин занҷир U-ро ба бузургии барқа q зарб менамоянд.
А=qU;

J=qU;
A=JUR;
Пас кори ҷараёни электрикӣ дар занҷир ба ҳосили зарби шиддати нӯгҳои ноқил, қувваи ҷараён ва муддати вақте баробар аст, ки ин кор иҷро шудааст.
Агар қонуни Омро ба назар гирем, он гоҳ формулаи кори ҷараёни электрикӣ А= J2Rt мешавад.Дар Манзуамаи байналмилалии воҳидҳо(S)корро бо ҷоул, волтажро бо волт,қувваи ҷараёнро бо ампер,муқовиматро бо Ом, вақтро бо сония ифода мекунанд.

1Ҷ=1В*А*с=1А2 *Ом*с.
4. Мустаҳкам намудани мавзӯъ:
А) Кори ҷараёни электрикӣ чӣ тавр ифода карда мешавад?
Б) Масъала : Аз тариқи сими тафсандаи чароғаки электрикии ба шабакаи 220В пайваст шуда, дар тӯли 10 дақ.ҷараёни 0.5А ҷорӣ мешавад.Кори ҷараёни электрикиро муаян кунед.

Б) Д.ш.а. Хал:
U=220в A=JUt= 220*0,5*600=660Ч
J=0,5 А
t = 10 дак
А-?
5. Ҷамъбасти дарс, хӯлосабарорӣ, хониши баҳо ва супориши вазифаи хонагӣ §7.22 саҳ. 205

Муаллимаи физика: Пирова Х.С
Синфи 8.

Санаи 10.05.2019
Мавзуъ: Тавоноии ҷараёни электрикӣ.
Мақсади дарс: фаҳмондани мафҳуми ҷараёни электрикӣ бо роҳи таҷриба ва ҳалли масъалаҳо
Таҷҳизот: Амперметр, волтметр, симҳои васлия, калид ва манбаи ҷараён.
Равиши дарс: I. Лаҳзаи ташкилии дарс: Дида баромадани ҳолати омодагии хонандагон ба дарс, тозагии синфхона ва шунидани ахбороти навбатдор.

II. Пурсиши вазифаи хонагӣ
а) Кори ҷараёни электрикӣ гуфта чиро меноманд?
б) Кори ҷараёни электрикӣ ба кадом бузургиҳо вобаста аст?
в) Қонуни Ҷоул-Ленс?
г) Барои чӣ ноқилҳо гарм мешаванд?
III. Баёни мавзуи нав.
Нақша.

Мафҳуми тавоноӣ
Ҳосил кардани формулаҳахои тавоноии ҷараёни электрикӣ
Воҳидҳои тавоноӣ
Ҳалли масъалаҳо доир ба тавоноии ҷараёни электрикӣ.
Истеъмолкунандагони энергияи электрикӣ-асбобҳои электрикӣ гармкунанда,лампаҳои электрикӣ, мошинаҳои дарсдузӣ, либосшуӣ, тавоноии муайян доранд.

Тавоноии ин гуна асбобҳои электрикӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан агар тавоноии лампаи электрикӣ 0,007кВт бошад аз чойҷушонаки электрикӣ то 0,6 кВт аст.
Тавоноии ҷараёни электрикӣ кори ҷараёни электрикиро дар воҳиди вақт ифода мекунад.

Р=А/t
А= JUt
P=( JUt)/t=JU
Яъне: P=JU
Агар аз қонуни Ом барои қитъаи занҷир истифода барем J=U/R; U=JR
З
P=U^2/R; ё P=J2U
Ба сифати воҳиди тавонои Ватт (Вт) ва воҳидхои ҳосилави (кВт), (МВт) истифода мешавад.
1Вт=1Ч/с=1А.мебошад.
IV. Мустаҳкам намудани мавзуи нав
1.Муқовимати печаки асбоби электрикӣ гармойи 50 Ом аст. Асбоб ба шабакаи 220В пайваст шудааст. Қувваи ҷараёни аз асбоб ҷорӣ шуда ва тавоноии асбобро ёбед.
Д.ш.а хал:
U=220В; J=U/R=(220в )/(50 Ом )=4,4А
R=50 Ом. P=JU=4,4А*220В=968Вт
J-?; Р-?
2) Тавоноии лампаи электрикиеро муайян кунед,ки хангоми 6В будани шиддат қувваи ҷараёнаш 200мА мешавад.
Д.ш.а. Хал:
U=6В; P=JU=6В*0,2А=1,2Вт
J=200мА=2*102*10-3=0,2А

Р-?
V. Ҷамъбасти дарс, хулосабарорӣ, хониши баҳо ва супориши вазифаи хонагӣ: §7.24 саҳ.214 М(2) саҳ 217

Учитель: Пирова Х.С
7 класс
Санаи 6.05.2019

Тема: Энергия. Потециальная и кинетическая энергия.
Цель урока: Ввести понятие энергии
а) кинетический
б) потенциальный
в) Полной
Ход урока:
Организационный момент.
Опрос
а) что такое КПД?
б) Какую работу называют полезной?
в) Какую работу называют полной?
III. Объ. нового материала
Что такое энергия?
Понятие энергии было введино в 1807 году, английским учёным Юнгом. По гречески это слово означает и действие, деятельность.

Существует внутренняя тепловая, ядерная и механическая энергия.
Мы сегодня будем рассматривать механическую энергию.
Энергия-физическая величина, показывающая какую работу может совершить тело или несколько тел.
Существуют два вида механической энергии:
Потенциальная-энергия взаимодействия тел, кинетическая- энергия движущегоеся тела.
Механическая энергия тела представляет собой сумму его потенциальной и кинетической энергии.
W=Eп+Eк

Кинетическая энергия Eк-энергия, которой будет обладать тел в следствии своего движения
Eк=mV2/2
Кин-я эн. зависит от массы и скорости тела, чем больше масса тела и его скорость, тем больше будет его кин-я энергия

Пот-ной энергией: Рассмотрим тело, которое поднято на поверхностью земли на некоторую высоту тело там же будет обладать пот-ой энергией.
Eм=mgh
III.Закрепление.

Какой кинетической энергией обладает космический корабль массой 10г. При движении по орбите вокруг земли со скоростью 3,07км/с-?
Данно: СИ: Решение: Решение:
m=10г=10000кг Eк=mV2/2 =(10000*〖(3070)〗^2)/2=4,7*〖10〗^10 Дж
V=3,07км/с=3070м/с
Найти: Eк-?
2)
Какой потенциальной энергией относительно земли обладает человек массой 80кг, на высоте 20м

Дано Eм=mgh=80*10*20=16000Дж=16кДж
m=80кг
h=20м
Eп-?

V. Итог урока, выставление оценок, домашнее задание.

_________________________________________________________________________________________________________________