План конспекты уроков по Химии

Муаллима: Норматова Л.М.
Мавзӯъ:
Дар меҳмонии ҳидроген

( дарс-саёҳат  дар синфи 8)

Мақсад ва вазифаҳои дарс:     Васеъ, амиқ ва мустаҳкам намудани донишҳои гирифта

оиди  оксиген, оксидҳо, сӯзиш, дарки аҳамият ва таъсири

онҳо дар ҳаёти инсон ва табиат, такмил ва ташаккули ҷаҳон-

бинии  хонандагон, инкишофи малакаҳои кори мустақилона

ва нутқи шифоҳӣ, робитаи байнифаннӣ – биология, физика,

технологияи информатсионӣ.

Таҷҳизот:        
Системаи даврии элементҳои химиявӣ, компютер,  проектор, видеонаворҳо,  презентатсияҳо, баромади хонандагон, аксҳои олимон.

Рафти дарс

  1. I. Ташкилии дарс: Мақсад ва вазифаҳои дарс фаҳмонида мешаванд.

Хонандагони азиз, мо бо шумо оиди оксиген, оксидҳо, сӯзиш аллакай маълумоти

кофӣ дорем.  Ҳоло бошад,мавзӯъҳои гузаштаро дида мебароем.

  1. II. Пурсиши мавзуъхои гузашта:
  2. Реаксияхои термохимияви чист?
  3. Эффекти гармии реаксия чиро мефахмонад?
  4. Реаксияхои экзотерми чист?
  5. Кадом реаксияхо эндотерми ном доранд?
  6. Сузишвори чанд навъ аст?
  7. Кобилияти гармидихи чист?
  8. Хаво чист?
  9. Чаро хаворо мухофизат намудан лозим аст?

III.   Кори мустакилона:

  1. Хангоми сузиш кадом моддахо хосил мешавад?
  2. Кадом модда хангоми гузариши реаксияи зерин сухтааст: ?  + О2 = nCO2   +  mH2O
  3. Хосияти манфии оксигенро дар протсессхои табии нишон дихед: а) реаксияхои экзотермии сузиш; б) зангзании металлхо ва хулахо; в) хосилшавии оксидхо; г) оксидшавии партовхои органики;
  4. Чаро сулфур дар оксигени тоза бо алангаи равшани осмони, дар хаво – бо алангаи пасти бунафш месузад?
  5. Таъсири мусбии оксидшавии сустро ба протсессхои зерин нишон дихед: а) зангзании охан; б) пусиш;

в) туршшави; г) худафрузиши газхои оташангез;

  1. IV. Баромади хонандагон:

          Ман кистам? (хонандаи 1)

              

Ба ман аз давраҳои пеш таваҷҷӯҳ зоҳир намуда буданд, вале  дергоҳ омӯхта                          натавонистанд. Соли 1774 олими швед Карл Шееле ва химики англис Ҷозеф Пристли новобаста аз якдигар маро ҳосил намуданд. Инчунин бо кашфи ман номи олими фаронсавӣ Лавуазе низ вобаста аст .

 

Дар атмосфера ман 21%, литосфера- 28%, гидросфера – 89%, дар баландии 50 км 10%, дар баландии 100 км ҳамагӣ 0,1%- ро ташкил медиҳам. Дар организми инсон ман 65% -ам, дар 1 шабонарӯз инсон 750 л маро дар намуди тоза истифода мебарад.  Ман ҳеҷ гоҳ бекор нестам: оташдонҳоро гарм мекунам,бо бактерияҳо партовҳоро таҷзия мекунам, хуни инсонро ѓанӣ мегардонам. Ман кистам?

Ман кистам? (хонандаи 2)

Маро ҳанӯз дар асри 16 аввалин маротиба  Параселс , ҳангоми мехи оҳанинро ба кислотаи сулфат ворид кардан, ҳосил намуд.  Дар охири асри 17 Роберт Бойл ба ман таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар зарф ҷамъ намуд, вале  маро нашинохта, ҳаво номид. Соли 1766 химики англис Генри Кавендиш маро омӯхта, кашф намуд. Соли 1783 олим Лавуазе маро ба оилаи элементҳо ворид намуд.

Дар  сайёраи Замин ман  танҳо 1%, вале дар Офтоб 84%-ро  ташкил  медиҳам. Маро элементи коинот меноманд. Дар организми инсон ман 10%  ё қариб 7кг-ам.  Агар  дар дохили инсон ман дар шакли озод мебудам, ӯро ба ҳаво мисли пуфак мебардоштам. Гӯед, ки ман кадом элементам?

  1. V. Баёни мавзӯи нав:

Тавсифи умумии хидроген

  • Рамз — Н ; Аr(Н) = 1; Формулаи химияви – Н2; Мr(Н2) = 2; М(Н2) = 2 г/молл
  • В (Н) = I; W (Н) дар кишри Замин = 1%; h = 50 км. – 3%; h = 100 км. – 95 %

Генри Кавендиш  соли 1766  кашф намудааст.

   Ҳосилкунӣ

Дар лаборатория:

  1. 2Н2О   2Н2   +   О2
  2. Ме + кислота                   Zn + 2HCI = ZnCI2  + Н2
  3. Ме(фаъол) + об             2Na + 2Н2O = 2NaOH  + Н2

Дар истехсолот:

  1. 2Н2О   2Н2   +   О2
  2. Аз кокс С  +  Н2О  =  СО + Н2
  3. Аз метан СН4 + 2Н2O =  СО2 + 4Н2
  4. Электролизи махлули хлоридхо:

2NaCI + 2Н2O = 2NaOH  + Н2  + CI2

  1. VI. Тамошои видеоклипи ҳосил кардани ҳидроген дар лаборатория.

   VII.    Мустахкамкунии мавзуъ:     

  • Таснифоти хидроген чи гуна аст?
  • Хидрогенро ки кашф намудааст?
  • Хидрогенро дар кучо хосил мекунанд?

 

               VIII.   Хулоса, гузориши баҳоҳо, супориши вазифаи хонагӣ.