Идатон муборак, муаллимони азиз!!!

Ҷабри устод аз меҳри падар беш аст,
Ва аз падар устод дар пеш аст!

Туҳфа аз номи хонандагони гимназияи хусусии “Тоҷикистон” ба омӯзгорон.
Беҳтарин муаллим бо қалбаш омӯзиш медиҳад, на бо китоб.
Тақдим ба қалби пурмеҳри Шумо Рӯзатон Муборак!

Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор,
Тирагиро дур созад, нур бахшад рӯзгор.
Қадри ӯ хеле баланд гардид андар ин замон,
Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон.

Доимо фархундаву болида бош,
Эй муаллим роҳбари волосухан.

Эй муаллим, чашмаи меҳру вафо,
Эй муаллим, шаҳчароғи раҳнамо.

Панди ту бошад ғизои маънавӣ,
Меҳри ту андар дили мо гашта ҷо.