Экскурсияи таълимӣ ба НБО “Норак” дар давраи таътили баҳорӣ
Санаи 31 марти соли 2026, тибқи нақшаи экскурсияҳои таълимии гимназия дар давраи таътили баҳорӣ, гурӯҳи хонандагони муассиса ба НБО Норак сафар намуданд.
Мақсади асосии ин экскурсия баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии техникии хонандагон, шиносоӣ бо дастовардҳои муҳими энергетикии кишвар ва таҳкими робитаи назария бо амалия буд. Дар рафти боздид хонандагон бо таърихи сохтмон ва фаъолияти нерӯгоҳ, тарзи истеҳсоли нерӯи барқ, инчунин бо сохтори муҳандисии ин иншооти бузург аз наздик шинос гардиданд.
Мутахассисони нерӯгоҳ ба саволҳои хонандагон посух дода, оид ба нақши НБО “Норак” дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Инчунин, ба хонандагон қоидаҳои бехатарӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ фаҳмонида шуданд.
Экскурсияи мазкур барои хонандагон басо ҷолиб ва хотирмон буда, ба онҳо имкон дод, ки дониши назариявии худро дар амал бубинанд ва ба соҳаи энергетика таваҷҷуҳи бештар пайдо намоянд.
Маъмурияти гимназия миннатдории худро ба роҳбарият ва кормандони НБО “Норак” барои ҳамкории судманд ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории ин экскурсия изҳор менамояд.









