Ура! Ҳама ба мактаб.

Салом! Волидон ва хонандагони гиромӣ.

     Гимназия хусусии «Тоҷикистон» аз санаи 17 августи соли 2020 дарсҳоро аз рӯи ҷадвали соли хониши 2019-2020 (чоряки 4) ба роҳ мондааст. Бо мақсади пешгирии ҳифзи саломатӣ аз ҳар гуна бемориҳо, ҳамарӯза кормандон ва хонандагон пас аз санҷиши духтур ба муасисса ворид мегарданд. Ба гимназия бе ниқоб (маска), таби баланд ворид шудани хонандагон мумкин нест.

      Аз Шумо волидони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки фарзандони худро ба гимназия бе ниқоб ва маҳлулҳои антисептикӣ нафиристонед.