Рузи дониш

Таҷлил ва бузургдошти олимон,орифон, донишмандон ва бузургон барои ҳар давлату кишвар ифтихор аст. Зеро донишмандон бо донишу заковат ва илму ҳикмати хеш зулмату торикӣ ва решаҳои нодонӣ, ситаму ҷабр ва ғазабу ҷаҳлро тавассути ин шамшери бурро решакан мекунанд. Азамату бузургии онҳо аз донишу маърифати дуруст сарчашма мегирад, ки самараи хуберо то имрӯз барои аҳли башар фароҳам овардааст ва идома хоҳад ёфт.
   Дониш ва донишмандӣ фазлу караме мебошанд, ки тавассути он қадру манзалати инсон ҳамеша мавриди ситоиш ва тамҷид қарор мегирад. Агар ба рӯзгори бузургони гузашта назар афканем, мебинем,ки онҳо бо доштани донишу заковат соҳиби тоҷу каромат ва фазлу фаросат гардида, имрӯзу фардои ҷомеа номи онҳоро то абад ба неки ёд хоҳанд кард. Донишу заковати онҳо буд, ки то имрӯз мероси адибони зиндаёди мо дар тамоми гӯшаи олам, аз ҷумла, Ҳиндустон (Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253-1325), Бедил (1642-1720) Покистон (Масъуди Саъди Салмон(1046-1121), Муҳаммад Акрам Ғанимат) мавриди истифодаи илмӣ ва вирди забони мардум қарор гирифтаанд. Онҳо тавонистанд бо истифода аз дониш ва донишомӯзӣ инсониро ба сӯи фардои нек ҳидоят ва роҳнамоӣ намоянд. Мақому мартабаи дониш ба қадре баланд аст, ки соҳиби онро дар тамоми олам новобаста аз ҷойу маконаш муҳтарам ва азиз медонанд ва қадрдонӣ мекунанд.