
31 октябри соли 2026 дар кинотеатри «Зебунисо» чорабинии фарҳангиву маърифатӣ таҳти унвони «Ҳисоботи эҷодии хонандагон», бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии гимназияи хусусии «Тоҷикистон», баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти гимназия, омӯзгорон, хонандагон, падару модарон, хатмкунандагони солҳои гуногун ва меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ хонандагон бо пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ, суруду рақс, саҳначаҳои тарбиявӣ ва дигар ҳунарнамоӣ маҳорати эҷодӣ ва истеъдоди худро муаррифӣ намуданд.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, ба яке аз рӯйдодҳои хотирмони соли ҷашнии гимназия табдил ёфт.
Лаҳзаҳои хотирмон аз ҷараёни чорабинӣ дар аксҳо:



